ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ РОҒУН

          Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идонаи тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Роғун Саидзода С., муовинони раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳо, кормандони ҶСК НБО Роғун, варзишгарон ва ҷавонони фаъол аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр иштирок карданд.   

       Нахуст раиси шаҳр ҳозиринро ба муносибати рӯзи ҷавонон табрик карда, як зумра ҷавонони фаъол бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Баъдан барномаи омоданамудаи ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешниҳоди ҳозирин карда шуд.  

     

              Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                         Саидова Ш.Ҷ.