Таҷлили  Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун

   

Рӯзи 23-уми феврали соли 2022 дар “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Роғун  бахшида ба ҷашни  29 солагии  Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона  баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони тамоми мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло,  баромад намуда, ҳозиринро  ба муносибати ҷашн  табрик намуда, як қатор фаъолонро аз мақомотҳои фифзи ҳуқуқ ва дигар хизматчиёни давлатиро  бо сипосномаю ифтихорномаҳо  қадрдонӣ намуданд. Сипас,  барномаи  таҳиянамудаи бахши  фарҳанги шаҳр  ба намоиш гузошта шуда,  хотири иштирокчиёни  чорабиниро  болида гардониданд.          Қобили қайд аст, ки Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шукуҳӯ  шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо  ҷомеа                                                                                                                         Раҷабалиева Шоира У.