ҚАРОРИ  РАИСИ  ШАҲРИ  РОҒУН

ҚАРОРИ

 РАИСИ  ШАҲРИ  РОҒУН

 

  аз «______» _______________  соли  2022        №_________  ш. Роғун    

Дар бораи даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум   Мутобиқи моддаи 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии    Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  ҳокимияти давлатӣ»,   ҚАРОР МЕКУНАМ:  

  1. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати шашум рӯзи 8 феврали соли 2022, соати 10:00 дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  даъват карда шавад.
  2. Ба рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
  3. 1. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз ҳавзаи интихботии №12;
  4. 2. Дар бораи ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун;
  5. 3. Дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшуда, дар ҳавзаи интихоботии №12-и шаҳри Роғун.
  6. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун бо тартиби муқарраршуда, қарори мазкурро тавасути сомонаи расмии мақомоти иҷроия ва рӯзномаи шаҳрии «Нӯри Роғун» мавриди интишор қарор диҳад.
  7. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр гузошта шавад.

      И.в Раис                              С.  Саидзода