ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

     Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Роғун  санаи  7 декабри  соли 2021 дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо мақсади  тақвият додани корҳои идеологӣ ва баланд бардоштани  сатҳу сифати  таҳсилот, вусъат бахшидани чораҳо ҷиҳати таъмини  амнияти  иттилоотии кишвар, инчунин сиёсишавии  дини ислом ва оқибатҳои он, пешгирии таҳсилоти  ғайриқонунии диннӣ аз ҷониби  гурӯҳи кории таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолии қаламрави шаҳр  вохӯри гузаронида шуд, ки дар он,  муовини раиси шаҳр Лашкарзода Абдураҳим, сардори  бахши   ноболиғон Амриддинзода Муҳаббатшо, сардори  бахши тартиботи ҷамъиятӣ Сайфиддинзода Миралӣ, ёрдамчии  прокурори прократураи  шаҳр Сиддиқзода Муҳаммад, муовини  сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ Худоёров  Умаралӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва оила Зоидова Адиба, мудири бахши дин, танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо  Ҳоҷиев Сибғатулло ва 500 нафар даъватшавандагон иштирок доштанд.

     Сараввал муовини  раиси шаҳр оид ба амнияти итилооти кишвар ибрози ақида намуда,  аз ҷумла баён доштанд, ки «Дар шароити муосир дар баробари дигар омилҳо инчунин технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шабакаи интернет бо суръати хеле баланд рушд намуда, ба равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири амиқ расонида истодаанд. Чунин тамоюлот дар навбати аввал боиси ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ, баъдан сабаби пайдоиши ҷангҳои иттилоотӣ ва ниҳоятан рӯ овардан ба таъмини амнияти иттилоотӣ гардидааст. Инчунин рушди технологияҳои иттилоотӣ тақозои онро менамояд, ки дар самти омӯзиши амнияти иттилоотӣ роҳу усулҳои нав истифода бурда шаванд…».

     Дар вохӯрии номбурда, аъзоёни комиссия оид ба масъалаҳои мубрами рӯз изҳори ақида намуда, аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварданд, ки  дар роҳи сулҳу субот, амну амонӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, дар роҳи  дуруст тарбия намудани насли наврас  ва амалӣ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар саъю талош намоянд.

     Чунин вохӯриҳо дар ин самт идома дошта, масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки  ҷомеаи шаҳрвандиро  ба сӯи созандагию бунёдкорӣ равона сохта, дар роҳи пешравию ободонии кишвар ҳиссагузор бошанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                          Раҷабалиева Шоира