Таҳти назорат ва ғамхорию дастгириянд
Санаи 2-юми декабр вохӯрии Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон бо шахсоне, ки тибқи Қонуни авф аз маҳбас озод шудаанд ва шахсоне, ки аз хизмати модар Ватан баргаштаанд доир гардид, ки мақсад аз вохӯрӣ бо шахсони дар боло зикргардида, бо ҷои кор таъмин намудан, аз шароити ҳолу авҳолашон бохабар шудан ва дар айни ҳол ба онҳое, ки ниёзманд ҳастанд дасти кумак расонидан маҳсуб меёфт. Дар ин вохӯрӣ Раиси шаҳр аз ҳолу авҳолаи ҳар як иштирокчии ин вохӯрӣ пурсон шуда, ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо маслиҳату машварат намуданд. Раиси шаҳр зимни вохӯрӣ ба ин табақаи осебпазири ҷомеа инчунин таъкид намуданд, ки «… дар ҷодаи зиндагӣ аз ҷавонӣ ва ё аз нодонӣ ба роҳи хато рафта, гуноҳ содир намудаанд, аммо минбаъд аз ин роҳе, ки онҳоро ба сӯйи гумроҳӣ ва паси панҷара мебарад баргарданд. Раиси шаҳр афзуданд, ки баъди адои ҷазо шумо узви комилҳуқуқи ҷомеа ба шумор рафта аз имтиёзҳое, ки бароятон давлату ҳукумати кишвар муҳаё намудаанд, метавонед истифода баред ва дар пешравии ҳаёти шахсию ҷамъиятӣ саҳм гузоред. Имрӯзҳо нафарони бадниҳоду бадхоҳи миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ба зидагии орому осудаи мо халал ворид созанд. Ин тоифа аз дур истода бо суханҳои беасосу иғвоангезонаи хеш ҷавонони моро аз роҳи рост бароварда, онҳоро водор ба он месозанд, ки хиёнат ба миллату давлат- ба модари хеш намоянд. Аммо мо миллати тоҷик дигарбора фиреби чунин бадхоҳони хешро намехурем ва зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ранҷӯ заҳамоти ин фарзанди фарзонаи миллат мо ба чунин зиндагии осоишта расидаем, иттифоқона зиндагӣ мекунем. Раиси шаҳри Роғун барои дастгирию ёрӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани иштирокчиёни вохӯрӣ ба тамоми масъулон супориш дода, таъкид намуданд, ки гӯрӯҳи корӣ ташкил карда шавад ва ба ҳар як хонаи онҳо рафта аз ҳолу авҳолашон бохабар гарданд ва ба ниёзмандони ин табақа кумак расонанд. Прокурори Прокуратураи шаҳр Қосимзода Х, низ нисбати содир накардани гуноҳ, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар масъалҳои доғи рӯз ибрози ақида намуда, мавсуф аз чунин роҳҳои хато баргаштани онҳоро баён доштанд.
Давлатова З.М. «Нури Роғун»
Добавить комментарий