Кишти тирамоҳӣ иҷро мешавад
Бино бар маълумоти мудири бахши кишоварзӣ дар шаҳри Роғун Ғаюрзода Қадриддин, имрӯзҳо соҳаи номбурда, барои тақвият бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо дар назардошти имкониятҳо ва бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли гушт, шир, тухм, асал, моҳӣ, ва дигар маҳсулоти хурокворӣ, беҳтар намудани корҳо дарин самт, инчунин тақвият бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом чораҳои заруриро андешидаанд. Барои рушди ин соҳа дар қаламрави шаҳр 1080 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4-адад хоҷагии ёрирасон, 2-адад коперативи истеҳсолӣ ва 1-адад хоҷагии давлатии «Ҷангал» фаъолият менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки заминҳои корами хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр новобаста аз шакли моликияташон дар масоҳати умумии 2335 гектар тул кашида аз он 1281 гектар дар заминҳои марзи маъмурии ноҳияи Фархор,7 га дар ноҳияи Файзобод ва 1047 га дар ҳудуди шаҳр ҷойгир мебошад. Майдони боғзорҳо бошад 763 гектаро ташкил медиҳад. Инчунин 2- адад ҳавзи моҳи ва 4- адад гушаи деҳқон дар ҳудуди шаҳр фаъолият менамояд Тибқи дурнамои тасдиқгардида дар шаҳри Роғун 2214 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ ба нақша гирифта шуда, аз он 1140 гектар ғалладонаи тирамоҳи ва 1074 гектар кишти баҳорӣ нақшабанди карда шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки хоҷагидорон аз обуҳавои мусоид истифода намуда, то ба имрӯз ба миқдорӣ 200 гектар шудгор ва дар майдони 150 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидааст. Бахши мазкур аз обу ҳавои мусоид истифода карда, киштро идома дода истода, саъю кушиш дороад, ки тамоми имкониятҳоро ба кор бурда, нақшаи кишти тирамоҳиро саривақт иҷро намояд.
Давлатов С. “Нури Роғун”
Добавить комментарий