Рӯзи модар-рӯзи фаромӯшнашаванда
Воқеан, Рӯзи модар яке аз рӯзҳои фаромӯшнашаванда аст. Бо қадрдонӣ аз ин неъмати бебаҳо дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи модар санаи 5 марти соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун дар фазои идона баргузор гардид. Сараввал Раиси шаҳр модарону бонувон ва хоҳарони гиромиқадрро бо суханони табрикотӣ шодбош гуфт. Аз ҷумла қайд кард, ки «Бо оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Воқеан, зан- модар сазовори ҳамагуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Бузургии Зан–Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камол расонандани фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Зан–модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад…». Бо шукргузорӣ ва қадрдонӣ аз бугзургии Зан-Модар дар арафаи ин ҷашн ба 194 нафар собиқадорони меҳнат, фаъолзанон ва занону бонувони ҳунарманд маблағҳои пулӣ ва ба 10 нафар бонувону модарон ифтихорнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид. Қобили қайд аст, ки ин санаи фархунда ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Абдулмумин Худойдодов «Нури Роғун» 5.03.2021
Добавить комментарий