Наврӯз-ҷашни ободкорист
Бахшида ба пешвози ҷашни байналмилалии Наврӯз-2021 қарори Раиси шаҳри Роғун аз 30 декабри соли 2020, №452 ба тасвиб расида, дар заминаи он нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иборат аз 26 банд тасдиқ гардидааст. Дар нақша чорабиниҳо тамоми корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, шуъбаву бахшҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ вазифадор гардидаанд. Бо мақсади хубтару беҳтар гузаронидани ин чорабинӣ ситоди корӣ шуруъ аз аввали моҳи январи соли 2021 фаъолияти худро оғоз намуд. То ин давра 8 маротиба ситоди корӣ гузаронида шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд. Шаҳрдорӣ нақша дорад, ки чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ аз қабили намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва аспдавониро дар ин ҷашн баргузор намоянд. То ин замон як қатор корҳои ороишӣ дар шаҳр ба анҷом расонида шуд, ки ба ҳусни шаҳр таровати тозаеро зам намудааст. Қомат афрохтани “Суманаки наврӯзӣ” бо баландии 7,5 метр дар маркази шаҳр аз нишонаҳои дар стаҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни аҷдодӣ дарак медиҳанд. Инчунин, маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро парчамафшонӣ намудани парчамҳои давлатӣ ва шиору навиштаҷотҳо, ки дар маҷмӯъ беш аз 150 ададро ташкил медиҳанд, ҳусни дигар бахшидаанд. Тибқи қарори ситоди корӣ ин ҷашн санаи 19 марти соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Умед аст, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Роғун ва деҳоти он бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Таҳияи Худойдодов А.Н.-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Добавить комментарий