Дави наврӯзӣ
Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар шаҳри Роғун санаи 14 марти соли ҷорӣ дар маркази шаҳр чорабинии варзишии Дави Наврӯзӣ баргузор гардид дар ин чорабинӣ беш аз 1100 ҷавонону наврасон ва калонсолон ширкат варзиданд. Нахуст чорабиниро муовини Раиси шаҳр Файззода Фирӯза Убайдулло расман ифтитоҳ бахшид. Муовини Раиси шаҳр сараввал ҳозиринро ба муносибати Рӯзи дави Наврӯзӣ, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва осоиштагӣ баргузор гардид, самимона табрик намуда, барои иштирокчиён тансиҳатию хушбахтӣ орзу намуд. Зимни баромад муовини раиси шаҳр иброз дошт, ки дар арафаи ҷашни зебою хотирмон Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии азизамон чун анъана бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, қарор дорем. Хотирнишон месозам, ки дар моҳи март чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, илмӣ-амалӣ, оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ дар доираи Нақшаи-чорабиниҳо дар саросарӣ ҷумҳурӣ ҳамчун чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Мавриди зикр аст, ки соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тайи солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш бо маром рушд карда, хусусияти оммавиро касб кардааст. Баргузор намудани Рӯзи дави Наврӯзӣ дар моҳи март яке аз чорабиниҳое мебошад, ки дар рушди оммавияти варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат намуда, имсол чорабинии мазкур дар ҳудуди ҷумҳурӣ санаи 14-уми ҳамин моҳ муқаррар гардидааст. Чуноне, ки мову Шумо шоҳид ҳастем, имрӯз низ дави Наврӯзӣ бо мақсади оммавияти варзиш дар шаҳри Роғун баргузор гардида истодааст, ки ҷавонону наврасон ва тамоми табақаҳои гуногуни ҷомеа бо як рӯҳияи баланд иштирок доранд.
Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ҳамчун самти афзалиятноки ҷомеа ҳисобида, дар ин самт чораҳои судмандро роҳандозӣ намудааст. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Нақша-чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкори тасдиқ гардидааст, ки ҷиҳати оммавӣ гардидани варзиш дар шаҳр тибқи ҳамин нақша бунёди 7-адад иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ин муддат 2 иншоот ба пуррагӣ ба истифода дода шуда, дар 2 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки айни замон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солими наврасону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Роғун 55 адад иншоотҳои варзишӣ ва 12 адад толорҳои варзишӣ дар назди муасисаҳои таълимӣ мавҷуд мебошанд, ки мавриди баҳрабардории наврасону ҷавонон ва дустдорони варзиш қарор доранд.
Сипас, дави Наврӯзӣ дар масофаи 2 км аз даромагоҳи шаҳр оғоз ва дар назди бинои КИ ҲХДТ ба поён расид. Илова бар ин, 53 нафар велосипедронон аз ҳисоби ҷавонон, ки аз ин шумора 2 нафарро ҷавондухтарон ташкил медоданд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд. Шахсони сазовор ба туҳфаҳо ва Ифтихорномаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.
Таҳияи Худойдодов А. Н.
Добавить комментарий