Табрикоти и.в. Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода М. бахшида ба 27 солагии таъсисёбии Рӯзи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам афсарону сарбозон ва ҳозирини гиромӣ! Бисту ҳафт сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Ба муносибати ин санаи фархунда яъне, 27-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тамоми афсарону аскарон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди шаҳри Роғунро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям. Дар зарфи 27 сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз халқи тоҷик дар симои Артиши миллӣ ҳимоятгарони боэътимод ва муҳофизони ҷасуру далери марзу буми Ватан, дастовардҳои милливу соҳибистиқлолии худро мебинанд. Зеро маҳз бо садоқатмандию хизматҳои шоистаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ артиш таъсис ва рушду такомул дода шуд, ки қодир аст Ватанро ҳифз намояд ва барои зиндагии осудаи сокинони ин кишвар шароит фароҳам биорад. Дар доираи ҳар як дастоварду муваффақиятҳое, ки андешаронӣ менамоем, моро зарӯр аст, ки аз таъриху ташаккули он ёдовар шавем. Шоистаи таъкид аст, ки Артиши миллии кишварамон воқеан зодаи даврони истиқлолият буда, онро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ таъсис ва рушду такомул додааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хело мураккаби иҷтимоию иқтисодии кишвар ташкил ёфт ва он аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзу суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит сохт. Артиши миллӣ дар баробари вазифаҳои худ пеш аз ҳама ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат, пуштибонии сулҳу суббот, фурӯпошии ошӯбҳои исёнгарон, зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва кор бурдан бар зиддӣ қочоки маводи мухаддир хизматҳои беназир намудааст.
Ҳозирин ва сарбозони гиромӣ! Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро паймуда, аз лиҳози маҳорати низомӣ, интизоми намунавӣ ва ифтихори баланди миллию ватандорӣ ба комёбиҳои азиме ноил гардидааст. Барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Артиши миллӣ мебошад. Ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокории хизматчиёни ҳарбие, ки рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бевосита дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва истиқлоли ватани хеш сарбаландона саъю кӯшиш намудаанд, дар саҳфаи таърих абадӣ нақш хоҳад баст.
Ҳозирини гиромӣ! Бо мақсади рушди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар байни ҷавонон соли гузашта дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ аз шаҳри Роғун ба сафи Артиши миллӣ 83 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд, ки онҳо дар қисмҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адои хизмат менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати дилгарм ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа курсҳои ронандагӣ ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон аввал ба шаҳодатномаи ронандагӣ тариқи ройгон таъмин карда шуда, сипас ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Илова бар ин, ба масъулин дастур дода шудааст, ки тавассути корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни ҷавонон ва мактаббачагон нафарони ихтиёриро зиёд намоянд ва бевосита ҳангоми хизмат аз аҳволи онҳо бохабар бошанд. Зеро ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарсабзамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст. Хизмат ба Ватан, шарафи бузург барои ҷавонони бонангу ори миллат аст. Бо мақсади амалӣ гардидани нақшаю ниятҳои нек бори дигар Шумо иштирокдорони ҷамъомади имрӯза, ҳамаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии 051058 инчунин тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, дар кишвари азизамон ва дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сулҳу Ваҳдат, дӯстию бародарӣ, рӯзгори хушу осуда ва эҳсоси баланди ифтихор аз миллату ватандӯстиро орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Добавить комментарий