Дасти ёрӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ
Бо мақсади сари вақт бархурдор намудани қишри ниёзманди аҳолӣ аз ҷумла, хонаҳои кудакон, ятимон, пиронсолон, бепарасторон, камбизоатон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки дар арафаи ин ҷашнҳо фаъолият менамоянд. Қобили зикр аст, ки ба муносибати пешвози ҷашни соли нави мелодӣ бо дастгирии соҳибкорон ба 54 нафар аз оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо маводи хурока ва сару либос ба маблағи умумии 5040 сомонӣ, аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои сохтмонӣ ба 64 нафар эҳтиёҷманд, маъюбони то сини 18 сола ва ветеранҳои меҳнат кумаки моддӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар ба маблағи умумии 6900 сомонӣ ва ба 31 нафар тарбиятгирандагони хонаи бачагони шаҳр сару либоси зимистона ва маводҳои хурока ба маблағи умумии 21900 сомонӣ аз ҷониби шахсони саховатпеша ва ташкилотҳои сохтмонӣ кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуданд. Илова бар ин, хатнасури 201 нафар кудакон аз оилаҳои камбизоат бо харҷи 160000 сомонӣ дар маркази шаҳр гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ дар арафаи ин ҷашн 201 нафар кӯдакон ва 149 нафар аз оилаҳои эҳтиёҷмандон аз кумакҳои моддӣ ба маблағи умумии 193 840 сомонӣ бархурдор гардиданд. Таҳияи Абдулумумин Худойдодов
Добавить комментарий