10-ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик
Ҳамасола санаи 10 ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ дар шаҳри Роғун ба ифтихори ин ҷашн чорабинии идона баргузор гардид, ки дар ин чорабини раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар иштирок намуда, кормандони ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро бо рӯзи идашон табрику шодбошӣ намуд. Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Роғунро бо «Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ» сарфароз гардонид. Таъкид кард, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ мегардад, ки боиси ифтихори ҳар як корманди ин мақомот ба ҳисоб меравад.
Сипас, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Роғун полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил кормандони ин ниҳодро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, туҳфаҳои омоданамудаи шуъбаи вазорати корхои дохила дар шаҳри Роғунро ба як қатор кормандони ин ниҳод тақдим намуд. Аз ҷониби ҶСК «НБО Роғун» низ шахсони фаъоли ин мақомот бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Добавить комментарий