Лоиҳаи бузург дар шаҳри Роғун амалӣ мегардад
Гул-гулшукуфии ҳар як давлату миллат аз кӯчаву маҳалла, деҳаву раста вобастагии зич дорад. Бунёд намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, рушд додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои пешрафти зиндагии шоистаи аҳолӣ заминагузор хоҳад гашт. Амалӣ гардидани лоиҳаҳои хурду бузург низ барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Давоми соли 2019 яке аз лоиҳаҳои бузург аз ҷониби Бонки рушди Осиё дар шаҳри Роғун тарҳрезӣ гардида, айни замон дар ҳолати корбурд қарор дорад. Лоиҳаи мазкур бо мақсади омода намудани мутахассисони варзида ва ба талаботи замон ҷавобгӯ, сохтмони маркази таълимиеро дар ин шаҳр пешбинӣ намудааст. Ин лоиҳа бо маблағи беш аз 9 млн. доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. Аз ҷониби шаҳрдорӣ барои сохтмони бинои таълимии рушди малакаҳо, ки он бо тамоми инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби Бонки рушди Осиё сохта мешавад, ба андозаи 2 га қитъаи замин ҷудо гардидааст. Зимни сафари кории намояндаи ин Бонк бо масъулини вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мулоқоти онҳо бо Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар маълум гардид, ки қитъаи замини ҷудогардида барои сохтмони ин иншоот муносиб буда, тамоми инфрасохтори зарурӣ дар он ҷойгир мешавад. Айни замон корҳои лоиҳакашию меъморӣ бо маром идома дорад. Ба истифодадиҳии ин бино туҳфаи арзандае барои истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Добавить комментарий