Фурӯғи субҳи доноӣ…
Рӯзи 12 июл дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ходимони дин ва ҷавонони деҳоти дурдаст озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ» баргузор гардид. Дар ин озмун намояндагони беш аз 16 деҳаву маҳалла ширкат варзиданд. Озмун дар муасиссаҳои таълимии №3 Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ва №8 деҳаи Ёли Гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади Об гузаронида шуд.
Ғолибони озмуни мазкур ба даври шаҳрӣ, ки санаи 19 июл дар маркази шаҳри Роғун баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Бояд ёдовар шуд, ки мақсад аз ин озмун ҷалб намудани толибилмон ба китобу китобхонаҳо ва шинохти онҳо ба асарҳои бадеӣ мебошад. Хондан ва азхуд кардани асарҳои бадеӣ донишро мукамал ва ҷаҳобинии хонандагонро васеъ месозад. Бархурдор гардидан аз китобҳои бадеӣ ин огоҳ шудан аз таърихи ниёгон буда, сабаби пешрафти ҷомеаи демократӣ мегардад. Ба ин васила, насли ҷавони кишвар аз таърихи гузаштаи ин миллату давлат огаҳӣ пайдо мекунанд.
Добавить комментарий