ДАР ШАҲРИ РОҒУН АКСИЯИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади тарғибу ташвиқи сару либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар шаҳри Роғун аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор гардид. Дар ин аксия занону бонувон ва дигар кормандони ташкилоту корхонаҳо, бахшу шуъбаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо либосҳои анъанавии тоҷикӣ, ки зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро таҷассум менамоянд фаъолона ширкат варзиданд. Дар доираи ин иқдом либосҳои миллии тоҷикона, аз ҷумла атлас, чакан ва дигар намунаҳои сару либоси миллӣ муаррифӣ карда шуданд.

 Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат ба ҳисоб рафта, ёдгоре аз фарҳанги гузаштагон мебошад, ки дар тӯли асрҳо зебоӣ ва арзиши худро ҳифз намудааст. Ҳар як миллат дорои арзишҳои ба худ хос мебошад ва маҳз ҳамин арзишҳо миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матоъҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла атласу чакан, дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ гардида, ҳамчун намунаи ҳунари миллӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон эътироф шудаанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ, ки унсури асосии фарҳангӣ миллӣ мебошанд, баргузор карда мешаванд.    

  Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа