БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №3- и ШАҲРИ РОҒУН

 Дар доираи Нақша чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо сохторҳои шаҳри дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан, миёни волидайн ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 вохури доир карда шуд. Дар баргузории ин вохури муовини раиси шаҳр, соҳаи иҷтимоӣ масъулини шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, намояндаи ШВКД дар шаҳри Роғун ва устодони муассиса мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.        

 

 

 

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа