ДАР ШАҲРИ РОҒУН ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ТАНТАНАВӢ ВА ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР КАРДА ШУД

  Имрӯз дар қисми низомии 051058-и Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун бо иштироки раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовини раис, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшу шӯъбаҳо ва дигар масъулини дахлдор чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба ҷашни 33-солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба ин муносибат, як қатор афсарону сарбозон бо медалҳои фахрӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо барномаи фарҳангӣ табъи иштирокчиёнро хушҳол гардониданд.      

   

 

 

 

 

 

          Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа