ВОХӮРИ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ НИЗОМИИ 051058-и ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ХИЗМАТ БА ВАТАН-РИСОЛАТИ МУҚАДДАСИ ҶАВОНМАРДӢ ВА ПОЯИ ХУДОГОҲИЮ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ” БАХШИДА  БА РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар Қисми низомии 051058-и Гвардия миллӣ вохӯри ва дигар чорабиниҳо доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур Саидзода Сунатулло-раиси шаҳри Роғун, Авзалов Ғайбулло-раиси собиқадори Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Собириён Муҳамаднаим- муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ раёсат ҳозинро ба муносибати 33-солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, баъдан аз дастгириҳои Пешвои миллат, сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъриху ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, суханронии самимона анҷом доданд. Аз ҷониби Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба сарбозону афсарон китобҳои бадеӣ тӯҳфа кардашуда, инчунин баҳри ҳайати шахсӣ дастархони идона ташкил карда шуд. Дар Қисми низомии мазкур ба ифтихори таҷлили сазовори рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-атандӯстӣ, тантанавӣ ва фарҳангю маърифатӣ баргузор карда мешавад.    

 

  

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа