БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ВА ҲАМОИШИ ИДОНА БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба таҷлили 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини дахлдор аз мақомоти шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд.
Дар ин чорабинии идона раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ҳозиринро табрик гуфта, ҳамзамон аз таърихи қабули Конститутсия ва ташаккули он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар ҷомеа суханронӣ карданд.
Инчунин дар идома роҳбарони мақомоти Суд, Прокуратураи шаҳр ва роҳбарияти раёсати АНДММК дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар мавзӯи нақш ва аҳамияти Конститутсия дар ҷомеаи ҳуқуқбунёди Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар хотима чанд нафар фаъолон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ.
