РОҒУН: МУСОБИҚАИ КУШОДИ ҶУМҲУРИЯВИИ ГУШТИНИ МИЛЛӢ ГӮШТИНГИРӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР КАРДА ШУД.
Санаи 24 апрели 2025 дар маркази шаҳри Роғун бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорї бо соҳибкорон ва дигар масъулини дахлдори соҳа бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи кушоди шаҳри Роғун оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» доир карда шуд, ки дар ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ варзишгарони беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок карданд.
Ғолибони мусобиќа бо туҳфаҳои арзишманди омоданамудаи Кумитаи тадорукоти чорабини қадрдонӣ карда шуданд. Мусобиқа бо суханронии раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳобов Сайалӣ оғоз гардид.
Ду адад шоҳҷоизаи мусобиқа, автомошинаҳои сабукрави замонавиро варзишгари шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари МД Мактаби варзишии шаҳри Роғун Субҳиддин Халилзода ва варзишгари Ҷумҳурии Узбекистон сазовор гардиданд.
Мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ тибқи қоидаҳои муқарраркардаи Федератсияи байналмилалии гуштини миллӣ гӯштингирӣ доир гардида, дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ баргузор карда шуд. Мусобиқаро доварони касбӣ ва варзидаи Федератсия гуштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва шореҳони шинохтаи соҳаи варзиши кишвар пеш бурданд. Дар ин чорабини варзишӣ ҳамзамон бештар аз 5 ҳазор нафар мухлисону ҳаводорони гуштини миллӣ ва сокинони шаҳр ташриф оварданд, ки баҳри болида гардонидани рӯҳияи онҳо инчунин, як барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби ҳунарманди бахши фарҳангї шаҳр ва ҳунармандони ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда шуд.