Расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун
Аз санаи 6 январи соли 2025 оғоз гардида дар қаламравӣ шаҳри Роғун бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида истодааст.
Дар вохӯриҳо 4 гурӯҳи корӣ иборат аз муовинони раиси шаҳр роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва шахсони хизматнишондодаи шаҳр иштирок намуда, мазмуну муҳтавои Паёми навбатиро ба сокинони шаҳр расонида истодаанд.
Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз изҳори ақида намуда, аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи сулҳу субот, амну амонӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, дар роҳи дуруст тарбия намудани насли наврас ва амалӣ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар саъю талош намоянд. Сокинони шаҳр низ дар навбати худ баён доштанд, ки мо мардуми шаҳри Роғун Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро хуш қабул намуда, ҳар як нуқтаи дар он зикргардидаро сармашқи кори хеш қарор дода, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати роҳнамо дарҷ гардида аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, бобати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати он чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоем.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон вохӯриҳо дар аксари кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаҳои маркази шаҳр, ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, ҷамоати деҳоти Қади Об ва ҷамоати деҳоти Сичароғ баргузор гардида, вохӯриҳо дар ин самт идома дорад. Масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ равона сохта, дар роҳи пешравию ободонии кишвар ҳиссагузор бошанд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий