МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ҶАВОНИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Мулоқоти гурӯҳи корӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти шаҳрдорӣ бо сохторҳои дахлдор дар деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Қади Об баргузор шуд.

Дар ин вохӯри Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳр.,Набизода С.-Раиси Ҷамоати деҳоти Қади Об ва дигар масъулини дахлдор иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин вохӯрию мулоқотҳо вобаста ба расонидани паём ва дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди деҳот ва мустаҳкам кардани робита бо ҷомеа, ободонию созандагӣ, тарбияи фарзандон, соҳибкасб намудани ҷавонон, таҳкими одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, хизмати ҳарбии ҷавонон, арҷ гузоштан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ақидаҳои ифротӣ бахусус терроризму экстремизм, пешгирии оқибатҳои савдои одамон, пешгирии омилҳои корупсия, риояи қонунҳои миллӣ, баланд гардонидани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти технологияҳои муосир, истифодаи дурусти  шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ободонию созандагӣ дар деҳот, омодагии ҳамаҷониба ба интихоботи вакилон, тақвияти  фаъолият дар Шӯрои маҳалла ва дигар масъалаҳои мубрами ҳаётан муҳим аз ҷониби маърӯзачиён ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар хотима ба саволҳои пешниҳодшудаи ҳозирин ҷавобҳои муфид дода шуда, таклифҳои иштирокчиёни вохури ба инобат гирифта шуданд.

31.01.2025                                  ш. Роғун