Расонидани  муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар шаҳри Роғун

 

Бо мақсади   расонидани  муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  мамлакат, ки санаи 28 декабри  соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид,  тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр санаи 6 январи соли 2025 вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва дигар даъватшудагон   иштирок намуданд.

         Сараввал,   баромади раиси шаҳри Роғун оид ба расонидани муҳтавои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  шунида шуд. Зимни суханрони иброз гардид, ки Паёми  имсола  идомаи мантиқии паёмҳои  солҳои пешин буда, роҳи рушду пешрафти моро  дар ояндаи наздик муайян мекунад. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар вохӯри   Алимардон Г. У. намояндаи Прокуратураи шаҳр, Шарифзода С. судяи шаҳри Роғун, Акобирзода Д. сардори Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар минтақаи Рашт, Ғаниев О. сардори шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳр  баромад намуда,  дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, аз нуқтаҳои  асосии Паём, дар самти   рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии мардум, пешрафти устувори  минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар, беҳтар гардонидани  хизматрасониҳои  давлатӣ  дар шакли электронӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, рушди саноату рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, равандҳои геопалитикӣ ва пешрафту дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар суханронӣ намуданд.  Ҳамчунин оид ба эълон намудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои   рушди иқтисорди рақамӣ ва иноватсия» ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои иноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи  имкониятҳои технологияҳои  рақамӣ дар иқтисодиёт баён доштанд, ки ҳама самтҳоро зарур аст, ҷиҳати муҳаё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо,  пешниҳод намудани  имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони  технологияҳои итилоотӣ  дар канор набуда чораҳои фаврӣ ва амалӣ андешида шавад.

Дар охир, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  бо сухани хотимавӣ баён доштанд, ки вохӯриҳо дар ин самт идома дошта, ҳайати кормандони идеологии дастгоҳи раиси шаҳр  нақшаи доир намудани вохӯриҳоро дар тамоми мавзеъҳои шаҳр ташкил намуда, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  мамлакат расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар ин ҳуҷҷати роҳнамо дарҷ гардида аз  тамоми имкониятҳо истифода бурда, бобати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати он чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоем.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                             Раҷабалиева Шоира