ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

 

          Санаи 5- уми ноябри соли ҷорӣ дар  қасри фарҳанги  шаҳри Роғун чорабинии тантанавию  фарҳангӣ  ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метолоргия, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати мамлакат Мирзоён Раҳмоншо,   Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳри Роғун,  мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарону кормандони тамоми муассисаву ташкилотҳо, хонандагону донишҷӯён  ва сокинони шаҳр иштирок доштанд.

Чорабинии мазкур   бо садо додани  суруди миллӣ оғоз гардида,  баъдан табрикоти Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло шунида шуд.  

 Зимни ироаи сухани табрикотии Раиси шаҳр иброз гардид, ки Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Муҳимтарин хулосаи дигар ин аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дар идомаи сухан инчунин  оид ба  пойдорию устувории сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, тенҷию амонӣ, ободию гулгулшукуфтанҳои Ватан, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои     шабонарӯзи кашидаи Пешвои муаззами миллатанд ибрози ақида намуда, даъват ба амал оварданд,   ки мо бояд баҳри ҳимояи ин муқаддасот ва арзишҳои доштаамон доимо дар саъю талош бошем. 

 Дар охир орзу намуданд, ки  Ватани  азизи  мо  хонаи  умеди  тамоми тоҷикони  дунё  таҳти  Сарварии  Пешвои  муаззами  миллат,   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зеботар   гардад  ва  хуршеди  бахти давлати   соҳибистиқлоли  мо  то  абад  нурбахши  ҳар  як  хонадони       кишвар  бошад.

         Баъд аз расонидани  сухани табрикотии Раиси шаҳри Роғун, намояндаи Ҳукумати мамлакат ба сухан баромада иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳое мебошад, ки дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол намудааст. Зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат медиҳад.  Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

       Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги харобиовари ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.

Сипас аз ҷониби  Директори «Тоҷикстандарт» раиси шаҳри Роғун  барои хизматҳои шоён бо Сипоснома қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин як қатор фаъолони мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқ, ки дар рушду нумӯъ ва ободию пешравии шаҳр ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сарфароз гардонида шуданд.

Шоира Раҷабалиева