Таҳлили амиқи рӯзгори гузаштаю имрӯзаи Пешвои муаззами миллат, дарси ибратомез барои мост
Суханронии пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар барои халқи тоҷик дарси ибратомез маҳсуб меёбад, ки аз бар намудани мавзуи он, ҳар як нафареро, ки заррае ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ дорад бетафовут намегузорад.
Ҳар як ҷумлаю ибораи ҳикматомези гуфтаҳои Пешвои роҳнамою роҳкушои миллати тоҷик, бароямон панду андарзест, ки моро аз ҳар ҷиҳат ғизои маънавӣ медиҳад ва дар пешбурди ҳаёту зиндагониямон такони ҷиддӣ мебахшад.
Ин суханони аз мағзи дилу ҷон иброзгардида, саропо нуқтаҳои асосист, ки иҷрои он Тоҷикистони моро боз ҳам ба суйи рушд равона сохта ба рӯзгори мардум самари нек мебахшад.
Пешвои муаззами миллат таҳлили амиқи тамоми фаъолияти соҳаҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандиро аз ғалбер гузаронида, камбудиҳоеро, ки боиси монеа шудани пешравиҳо буд возеҳу равшан намуд.
Пешвои муаззами миллат баён доштанд, ки ; «…аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд».
Бале ин ҳақиқатест, ки аз ҷониби Пешвою роҳнамои мо мушикофона ошкор шудааст, ки аз байн нарафтани он метавонад боиси реша давондани нозоъҳое гарданд, ки оқибати хуб надоранд.
Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд; « Бетарафӣ, гоҳҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст. Фаромӯш набояд кард, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин гуна бетарафию хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто, дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандон ва зиёиёни асолатбохта буд».
Ин ҳақиқати баёншуда, моро водор месозад, ки дар ин самт заррае бепарво набошем, бар зидди ҳама гуна гуфтору рафтор, амалу кирдори нохалафоне, ки ба қадри ин ҳама доштаҳои арзишманд- сулҳу суббот, тенҷиву амонӣ, ваҳдату ягонагӣ, ки бо талошҳои шабонарӯзию хастагинопазири Пешвои муаззами миллат насибамон шудааст, намерасанду иғвои дасисаҳои беасосро бармеангезонанд муборизаи беамон барем.
Ба қадри заҳмату талошҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон расида, гуфтаҳои эътимодбахшашонро сармашқи кору фаъолияти хеш созем, баҳри боз ҳам гул-гул шукуфтанҳои Ватан аҳлона хизмат намоем.
Суханҳои саропо панду ҳикмати Пешвои муаззами миллатро дар дилу дида ҷой дода, шукри ин Роҳнамои дилсӯзу ғамхорро ба ҷой оварем.
Андешаҳои худро нисбати гуфтаҳои пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат дар як ду саҳифа ҷой додан ғайри имкон аст, ҳаминро бояд гуфт, ки ҳар як дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар рафти мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дода шуд барои ҳар як фарде, ки худогоҳу хештаншинос аст, дарси ибратбахшу дастури роҳнамост ва иҷрои ин дастуру супоришҳо моро аз ҳар вартае наҷот дода метавонад.
Сари ҳар як ҷумлаи ин гуфтаҳо садҳо андешаю афкор баён намоем боз ҳам кам аст.
Добавить комментарий