ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ

   Зиндагии шоистаи мо аз домони Модар-Ватан оғоз мегардад. Ватан аз замони таваллуд то вопасин рӯзҳои зиндагӣ моро мисли Модар ба оғӯши худ мегирад ва мо бар он меҳр варзидаю дӯсташ медорем. Хоки аҷдодие, ки гузаштагони соҳибхираду бо маърифати мо онро бо арзиши ҷон ҳифз кардаанд, бо меҳру самимият моро дар оғӯши худ мепарварад.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардуми шарифи кишварро ба дӯстию рафоқат, хештаншиносию ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳидоят намуда, дар ин бобат чунин гуфтаанд: “Тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлолият ба мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдати мардуми Тоҷикиситон асос ёфтааст”. Дар ин замина, моро зарӯр аст, ки барои хидмати софдилонаю содиқона ба Ватан-Модар доимо омода бошем.

  Албатта, ки оғӯши Ватан пур аз меҳру садоқату самимият ва меҳрубонию шафқат аст. Қалби Ватан ҳамвора гарм асту чеҳрааш чу рухсори Модар нуронию иродаташ қавӣ ва меҳраш амсоли Модар беинтиҳо. Меҳри Модар-Ватан қалбҳоро тасхир намудаю меҳри дар ҷону равон бударо дучанд мегардонад.

    Инсон дар зиндагӣ бо ҳама мавҷудоти дар олам буда муҳаббати хосае дорад, дар баробари ибрози аҳду вафо, хостгори сидқу самимияти онҳо мегардад. Ба ин маъно О. Файсал чунин мегӯяд: “Дар давоми умри тӯлониям бисёр касонро дӯстона ба оғӯш гирифтаам, вале медонам, ки дӯсти аз ҳама бовафо хоки Ватан аст”.

   Қарзи фарзандию масъулияти шаҳрвандӣ моро ба ҳифзи хоки муқаддаси Ватан равона мекунад. Барои халалдор нашудани амнияту субот дар қаламрави кишвар, мо ҷавононро лозим аст, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат, масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худро бо сари баланд иҷро намуда, ҳамеша барои хизмати содиқона ба Ватан омода бошем.

   Сарафрозӣ, ободӣ ва хушнудии мо аз амну осоиши сартосарӣ дар қаламрави мамлакат вобастагӣ дорад. Дар ин бобат Аҳмадшоҳи Масъуд чунин гуфта буд: “Барои ҳаёти моддӣ ҳама чиз метавон дошт: об, нон, маскан. Вале агар озодии мо барбод рафт, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шуд ва агар истиқлоли мо нобуд гашт, дар он сурат ин зиндагӣ барои мо кӯчактарин лаззат ва арзише нахоҳад дошт”. Ғурури миллӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ маҳз аз мутолиа кардани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гузаштагон, аз худ намудани фарҳанги миллӣ, пос доштани хизматҳои бе мислу монанди ҷавонмардони ин Ватан, махсусан арҷ гузоштан ба хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, ҳамаи ин аллбата, роҳнамои хубест дар ҷодаи дӯстдории Ватан ва муқаддасоти олии он.

   Дӯст доштани Ватан яке аз падидаҳои олиест, ки ҳар лаҳза меҳри беандозаеро ба мо мебахшад ва моро аз пештара дида моилу дӯстдори ин марзи муқаддас мегардонад. Кору амалҳои созандаи гузаштагони мо баҳри ободии Ватан равона шуда, аз он гувоҳи медиҳад, ки онҳо дар ободии ин марзи муқаддас саҳми худро гузоштаанд.

   Бо пайрави аз кору амалҳои созандаю мондагори онҳо, моро зарур аст, ки худ дар ободӣ, ҳимоя марзу буми муқаддаси кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем. Тавре гуфтаанд “Ватандӯстӣ на дар гуфтор, балки дар амал собит мешавад”.  Аллбата, дар амал татбиқ ва ба иҷро расонидани корҳои созанда, иҷрои хизмати содиқонаю софдилона, ба хотири арҷ гузоштан ба арзишҳои олии ватани азизамон-Тоҷикистон, бояд ҳадафи асосии мо шаҳрвандон ба хусус ҷавонон бошад.  

  Баҳром Шарафзода Муовини раиси шаҳри Роғун