Истиқбол ва гусели “Албом-Эстафета”
Рӯзи 1 октябри соли равон дар даромадгоҳи шаҳри Роғун – майдончаи нақби дуроҳаи самти маркази шаҳри Роғун, “Албом-Эстафета”, ки бо иқдоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVl- Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат”, ташкил гардидаву КИМ ҲХДТ онро дастгирӣ кардааст, имрӯз аз ноҳияи Файзобод ба шаҳри Роғун расид. Мақсади асосии аксияи мазкур ин, тарғибу ташвиқи Иҷлосияи ХVl- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташкили давлатдории миллӣ, хизматҳои таърихиву арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳиву ҳуввияти миллии насли наврас мебошад, КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун ба ин муносибат меҳмононро дар назди майдончаи нақби даромадгоҳи Роғуншаҳр истиқбол гирифтанд. Меҳмонони ноҳияи Файзободро бо садои суруду мусиқӣ ба атроф танинандоз гардид. Меҳмонон бо руҳияи идона “Албом-Эстафета” дар даст наздик гаштанд. Ҳайати расмии пешвозгирандагон Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Нусратулло, муовини раиси шаҳри Роғун Мусозода Парвина, муовинони Кумитаи ташкилоти ибтидоии ҶСК ,”НБО-Роғун” Абдулаҳадзода Сайдулло, Абдураҳимов Пируншо, мудири шуъбаву бахшҳои маориф, кор бо ҷавонон варзиш, фарҳанг бо кормандони масъули комиҷроия меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо шеъру сурудхонӣ ва савту наво истиқбол гирифтанд. Ҳайати меҳмонон “Албом-Эстафета”-ро таҳти савту наво ба Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Нусратулло, муовини раиси шаҳри Роғун Мусозода Парвина, муовинони Кумитаи ташкилоти ибтидои ҶСК ,”НБО-Роғун” Абдулаҳадзода Сайдулло, Абдураҳимов Пируншо, ботантана супориданд. Ин шукуҳу тантана бори дигар исбот намуд, ки сокинони шаҳри Роғун дар роҳи ягонагию мутаҳидӣ ва якпорчагии кишвару миллат аз пешсафон ба шумор мераванд. Пас аз лаҳзае ҳолпурсию суҳбат корвони “Албом-Эстафета”-и ноҳияи Файзобод бо корвони шаҳри Роғун ҳамроҳ гардида, барои идомаи аксия сӯи маркази шаҳр равон гардиданд.
Идомаи “Албом-Эстафета”
дар шаҳри Роғун.
Мизи мудаввар:
Санаи 1 октябр, дар толори маҷлисии КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун бо иштироки аъзоёни Тҷҷ “Созмони созандагони Ватан” и КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун ва муовини КТИ ҶСК “НБО-Роғун” бахшида ба 30 солагии Иҷлосия тақдирсоз мизи мудаввар баргузор гардид.
Гусели “Албом-Эстафета”
Саннаи 3 октябри соли равон дар назди муҷҷасамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-и маркази шаҳри Роғун, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовини якуми раиси шаҳр Файззода Раҳматулло, муовинони раиси шаҳр Баҳром Шарафзода, Мусозода Парвина, Раиси КИ ҲХДТ Қосимзода Нусратулло ва мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои назди мақомот акси хотиравӣ бо “Албом-Эстафета” гирифта, баъдан корвони Аксияи “Албом-Эстафета”-ро аз шаҳри Роғун ба ноҳияи Нуробод бо тантанаи хоси идона, Раиси КИ ҲХДТ Қосимзода Нусратулло ва муовини раиси шаҳри Роғун Баҳром Шарафзода ва масъулини иҷроия ба масъулини Ноҳияи Нуробод бурда расониданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун
Добавить комментарий