Ёрию дастгирии табақаи ниёзманд
Дар моҳи шариф ва мубораки Рамазон, ки хайру саховат ва эҳсонкорӣ яке аз шартҳои муҳим дар ин моҳ ба ҳисоб меравад, аз ҳисоби фонди Оғохон ва ташкилоти ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмади Тоҷикистон ба оилаҳое, ки маъюби то синни 18 сола доранд, ба қисме аз маъюбони гурӯҳи 2 ва камбизоатон, ки дар умум 300 нафарро ташкил медоданд, маводи хурока кумак расонида шуд.
Ин иқдоми хайр, ки кумаку ёрӣ ба табақаи осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбад аз тарафи Агентии стандартизатсияи метрология, сертификатсия ва нозироти савтои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ гардид, ки 25 нафар ятимони кул ва эҳтиёҷмандон аз тарафи ин ташкилот бо маводи хурока дастгирӣ шуданд. Зебо Давлатова
Добавить комментарий