Занону ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлат
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан ва саҳм гузоштани бонувон дар раванди маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот мизи мудаввар дар мавзӯи «Интихобот ва занон» бо фаъолзанон ва ҷавонон доир намуд. Дар ин мизи мудаввар 30 нафар аз бонувони фаъоли аъзои Шӯрои занони шаҳр ширкат ва суханронӣ намуданд. Муҳтавои суханрониҳоро асосан масъалаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, нақши занон дар гузаронидани интихобот суханронӣ намуда, доир ба иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоб ва рушди давлатдорӣ дар самти қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба ин самт, иштироки фаъолонаи занон ва ҷавонон дар маъракаи сиёсӣ ва муайян намудани мавқеи худ, ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ ва салоҳиятҳои онҳо, иштироки нозирон, оид ба натиҷаи интихоботҳои қаблӣ ва ғайраҳо фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Зимни суханронии мудири бахши кор бо занон ва оила Рамазонова Муққаддас Фармонбековна қайд кард, ки ташкили мизи мудаввар дар арафаи чорабинии муҳими сиёсӣ нишонаи фаъолияти хуби занон ва иштироки фаъолонаи онҳо ба ҳисоб меравад. Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб шуда, ҳамагон дар баргузории он бояд саҳмгузор бошанд. Саҳми занон ҳамчун нерӯи созанда, дар субот ва пешрафти давлат калон буда, нақш ва мақому манзалати занон дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Бе иштироки фаъолонаи занону духтарон, бидуни фикру ақида, ва пешниҳодҳои онҳо ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ғайриимкон аст. Занону бонувон имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат дар амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ ва азму иродаи қавӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти ҷомеа, рушду субот, ва ояндаи миллат дарак медиҳад. Зеро, имрӯз дар равандҳои ҷаҳони муосир дуруст фаҳмидану таҳлил намудани раванду падидаҳо аз ҷониби занону ҷавонон дар пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад. Дар баробари ин, имрӯз тибқи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кору фаъолияти бомароми занону духтарон замина гузошта, мавриди амал қарор дорад ва ҳамчунин дар ҳиссагузории занон дар рушди устувори ҷомеа мусоидат менамояд. Имрӯзҳо занон баробари мардон ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб карданро доранд, ки инро бевосита Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумла занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гашта амалӣ карда мешаванд. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад. Солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар навбати худ ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҷудошавии оилахои чавон, никоҳои хешу табори наздик, касбу ҳунаромузӣ ва пешбарии тарзи ҳаёти солим тибқи нақшачорабиниҳо дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбату вохуриҳо ва аксия дар мавзӯи “Интихобот ва занон”-ро ба роҳ монда, то ба имрӯз зиёда аз 2500 адад варақахои таблиғотӣ оид ба баргузории маракаи интихоботӣ дастраси занон намуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Ҷомеаи фаъол, ҷомеъае шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешшоҳангӣ ва соҳибмаърифатанд бошанд. Манзур аз ин иддао тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Хозирини гиромӣ! Ҳамаи нуктаҳое, ки дар боло гуфта гузаштем ин талаботи рушд бахшидан ба давлати соҳибистиқлоли Точикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон ва адолати ичтимоӣ дар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, аҳли чомеа вазифадор аст, ки дар ин самт содиқона фаъолият намоянд.
Мудири бахши кор бо занон ва оила М. Рамазонова
Добавить комментарий