Авфшудагон ба кор ҷалб карда мешаванд
Санаи 23 январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар бо маҳбусоне, ки аз адои минбаъдаи ҷазо озод шудаанд, суҳбату вохуриҳои судманд доир намуд. Дар вохурӣ раиси шаҳр ба шахсони авфшуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагонӣ ва бо касбу кори доимӣ машғул шудани онҳо дастурҳо доданд. Пешниҳод гардид, ки барои шахсоне, ки дорои маълумотҳои олӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд, аз рӯи ихтисос ба ҶСК «НБО Роғун» ба кор ҷалб карда шаванд. Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун супориш дода шуд, ки нисбати авфшудагоне, ки маълумоти зарурӣ надоранд, ба курсҳои кутоҳмудат ва касбомузӣ фаро гирифта шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 25 октябри соли 2019, №1648 ба тавсиб расид, ки дар доираи қонуни мазкур аз шаҳри Роғун 21 нафар маҳбусон ба озодӣ баромаданд. Гуфтан ба маврид аст, ки аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғлӣ аҳоли дар шаҳри Роғун ҷиҳати расонидани кумаки иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароитҳои меҳнатӣ ва расонидани ёрии моддӣ ва ҳуқуқӣ барои рафъи оқибатҳои адои ҷазо ба авфшудагон дар давраи бекориашон кумакпулии яквақтаина ба 19 нафар ба маблағи 400 сомонӣ, ки дар умум 7600 сомониро ташкил медиҳад, расонида шуд. Боиси қайд аст, ки ба 8 нафар аз озодшудагон ки аз вазъи саломатияшон ба маркази саломатии шаҳрӣ шикоят кардаанд, аз ташхиси пурраи тиббии ройгон гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта шуданд.
Таҳияи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Собирзода И.Х.
Добавить комментарий