Иҷлосияи чордаҳуми   маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум

      Санаи 10  октябри  соли 2022 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Роғун Иҷлосияи  чордаҳуми маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум  баргузор гардид, ки дар дар  маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳр, муовинони раис,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. 

          Ҷаласаи мазкур бо садо додани  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди  баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.

1.«Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ  ва иқтисодии шаҳри Роғун дар семоҳаи сеюми соли 2022 ва муайян намудани вазифаҳо барои  нимсолаи дуюми соли 2022;

2.Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи сеюми соли 2022;

3.Дар бораи ҳисоботи муовини раиси шаҳри Роғун оид ба иҷтимоиёт “Доир ба иҷрои Стратегия, Барномаҳо,  қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти ҷумҳурии  Тоҷикистон ва қарору амрҳои раиси шаҳри Роғун дар семоҳаи сеюми соли 2022;

4.Дар бораи раванди иҷрои нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун.

5.Дар бораи сарфароз намудан бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Роғун».

6.Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия.

Иҷлосияи навбатиро  раиси Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода С. бо таклифи вакилон кушода, бо пешниҳоди вакил  аз ҳавзаи интихоботии №30 Лашкарзода А. ба ҳайати  котибот 2 нафар пешбарӣ  гардида,  аз ҷониби вакилон таклиф қабул карда шуд. Ҳамзамон рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум аз ҷониби раиси Маҷлис ба овоз монда шуда, лоиҳаи қарорҳои котиботи иҷлосия ва рӯзнома қабул гардид.

    Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия, ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Файззода Р.Н.,  “Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Роғун  дар нуҳ моҳи соли 2022»  шунида  шуд. Аз ҷониби раиси Маҷлис  пешниҳод ва супоришҳо ба масъулини самти  мазкур дода шуданд. Лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби  вакилон қарор қабул гардид.

          Аз рӯи  масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи рафти  иҷрои  буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳаи дуюми соли 2022» ҳисоботи и. в. сардори Раёсати молия  Ҷӯраев Г. шунида шуд. Сардори Нозироти андоз Собирзода Ш. ба музокира баромада, сабабҳои ноиҷро мондани баъзе намудҳои андозҳоро шарҳ доданд.

       Аз рӯи  масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи муовини раиси шаҳри Роғун оид ба иҷтимоиёт “Дар бораи иҷрои Стратегия, Барномаҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  қарору амрҳои раиси шаҳри Роғун дар семоҳаи сеюми соли 2022” муовини раиси шаҳр Мусозода П. шунида шуда, лоиҳаи қарор ба овоз ва аз ҷониби вакилон  қарор қабул гардид.

        Аз рӯи  масъалаи чорум рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи раванди иҷрои нақшаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун»   гузориши  мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Зайдов Р. шунида шуд. Пас аз муҳокимаи вакилон  лоиҳаи қарор дар барои масъалаи мазкур аз ҷониби вакилон қабул шуд.

       Сипас, раиси комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳдории тартиботи давлатию ҷамъиятӣ, шуроҳои ҷамъиятӣ, номгузорӣ, кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва ҷавонон Қосимзода Нусратулло ба сухан баромада, номзадии Давлатов Шерзод-соҳибкори муваффақи шаҳри Роғунро  дар  бораи пешбарӣ намудан бо унвонии «Шаҳрванди фахрии шаҳрии Роғун» пешниҳод намуданд, ки бо ҷонибдории вакилон дастгирӣ ёфт. Лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда шуда, бо овоздиҳии вакилон қарор қабул гардид.   Аз рӯи  масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия»  аз ҷониби вакилон пешниҳод шуд, ки яклухт ба овоз гузошта шавад.  Пас аз баррасӣ ва муҳокимарониҳо лоиҳаи қарорҳо ба овоз монда шуда, бо овоздиҳи вакилон қарорҳо қабул гардид.

         Дар фарҷоми кори иҷлосияи  чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум директори Агентии «Тоҷикстандарт»  Абдулваҳобзода Темурҷон  суханронӣ  намуда,  мавсуф барои иҷроиши нақшаи чорабиниҳои ҳукумати кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таклиф ва тавсияҳо баён намуд.

         Аз ҷумла иброз карда шуд, ки масъулияти вакилон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта беҳтар карда шуда, дар охири сол ҳисоботи ҳар як вакил оид ба корҳои басомонрасонида шунида шавад.   Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ҷалби мардум ба созандагӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ корҳо ҷоннок карда шаванд.

       Раиси шаҳр Саидзода С. ба вакилон ва масъулин  оид ба тоза намудани гирду атрофи биноҳо ва тезонидани корҳои ободониву  созандагӣ дар шаҳр супоришҳои иловагӣ дода шуд.   Бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонид.