Баромади табрикотии Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баромади табрикотии Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз, ҳозирини гиромӣ! Имрӯз Истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, 30 сол пур мешавад. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таърихӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, инчунин ҳамаи шумо, мардуми шарафманди шаҳри Роғунро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолиятро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории нави миллиамон меноманд. Бо паси сар кардани монеаву душвориҳои зиёд имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд ва чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати баруманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дустию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузурги Истиқлолият аст. Даврони Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем. Ба ин хотир, ҳифзи минбаъдаи дастовардҳои даврони истиқлол, ба оламиён дурусту васеъ муаррифӣ кардани симои воқеии Тоҷикистон, тақвияти мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии сиёсати хориҷии мо боқӣ мемонанд. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад. Истиқлолият чун олитарин меҳмони пурфайзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта кӯшиш менамояд. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли Истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст. Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиклолият, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Сарқонуни Ҷумҳурӣ мебошад. Ба хотири ҳифзи ин неъмати бебаҳои таърихӣ, яъне Истиқлолият, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон ҳар яки мо вазифадорем, ки минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро ба ин роҳи пуршараф сафарбар созем ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонем. Ҷашни 30 солагӣ ҷамъбасти ҳамагӣ як пораи таърихи халқи куҳанбунёдамон мебошад. Миллати сарбаланду бостонии тоҷик дар пеш боз роҳи дуру дароз дорад ва қодир аст, ки бо заҳмати фидокоронаи худ ба дастовардҳои аз ин ҳам бузург ноил гардад. Шаҳри Роғун яке аз шаҳрҳои стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди шаҳри Роғун давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба истифода додани 2 агрегати НБО Роғун, ки агрегати 1-уми он моҳи ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми он моҳи сентябри соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар кушодашавии ин иншооти ҳаётан муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварда, ифтитоҳи расмии он тариқи беш аз 60 расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ пахш карда шуд. Ҳамчунин дар ин радиф бунёду барқарорсозии иншоотҳои иҷтимоӣ аз қабили муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ба роҳ монда шуда, соҳаи соҳибкорӣ низ равнақу ривоҷ ёфтанд. Метавон қайд кард, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр беш аз 10 муассисаҳои таълимӣ ва 1 коллеҷи муҳандисию техникӣ сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Ҷавонӣ, Сангова, Ғофилобод, Чашмаи Кулло, Сайидон, Ёли Гармоба, деҳаи Қандак, Шоҳи Арслон, кӯчаи Майдони Нав, Печакзор ва маркази шаҳр, сохтмони 3 адад синфхонаи иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳоти Қади Об, сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №7–и деҳаи Деҳқонобод, таъмири пурраи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, барқарорсозии буғхона дар муассисаҳои таълимӣ, сохтмони хобгоҳ барои омӯзгорон дар Ҷамоати деҳоти Сичироғ ба истифода дода шудааст. Инчунин, дар давоми Соҳибистиқлоли мардуми шарафмани шаҳри Роғун тавонистаанд дастовардҳои зиёдеро ба даст оваранд: аз қабили маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр, азнавсозии биноҳои шуъбаи вазорати корҳои дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сохтмони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, меҳмонхонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шабакаҳои барқӣ, ва сохтмони биноҳои маъмурии идораҳои СУД, Комиссариати ҳарбӣ, бинои осорхона, 2-боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, толори қасри фарҳанги маркази шаҳр, хадамоти оташнишонӣ дар ҳудуди ҶСК «НБО Роғун», бинои ҶДММ «ТГЭМ», биноҳои филиали «Ориёнбонк», сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, маориф, КИ ҲХДТ, 6-осоишгоҳҳои замонавӣ, сехи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Оби кӯҳсор», таъмири хатҳои барқ дар аксари деҳаҳо, ободонӣ ва кабудизоркунии роҳравҳо ва гулгаштҳои тамоми қаламрави шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, рангу бор ва равшаннамоии биноҳои баландошёна, мумфарш намудани роҳи деҳаҳои Ёли Гармоба ва Ҷавонӣ, тахту ҳамвор ва сангфарш намудани роҳҳои деҳаҳои Дараи Тутак, Қандак, Дуст Солеҳ ва Деҳқонободи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, деҳаҳои Қалъаи Нав,Чашмаи Кулло, Ҷавонӣ, Гули Сурх, Сангова, Чормағз, Пору, Навобод, Ёли Гармоба Фарррухон, ва Ғофилободи Ҷамоати деҳоти Қади Об, деҳаҳои Коавокдара, Деҳи Бустон, Сайидон, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бег ва Себноки Ҷамоати деҳоти Сичироғ, азнавсозӣ ва таъмири роҳи 300 метраи маркази шаҳр, таъмири роҳи кӯчаи 25 солагии Истиқлолият, сохтмони майдончаи варзишии хурд дар кӯчаи Ҳоким Зайд, сохтмони меҳмонхона, ошхона, қаҳвахона ва осоишгоҳ дар шаҳраки Оби Гарм, сохтмони чойхона, меҳмонхона, интернеткафе, нонвойхона, сехи дузандагӣ ва утоқи корӣ дар маркази шаҳр, сохтмони мағоза, дорухона, шустушӯи мошинҳо, таъмири нақлиёт, сартарошхона, дукони гӯшт, ҳамом, сартарошхона, туйхона ва толори варзишӣ дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Қади Об, сохтмони маркази савдо, ошхона сартарошхона, дорухона, сехи дузандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 25 солагии Истиқлолият, 2 адад масҷиди марказӣ ва ҷомеъ, 4 адад гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, 10 истгоҳҳои замонавӣ, 30 адад инфрасохторҳои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхонаҳо, ҳоҷатхонаҳо, ошхонаҳо, муҷассамаҳои ҳайвоноти нодир, зиёда аз 30 адад лавҳаҳои таблиғотӣ, сохтмони сардхона дар деҳаи Чашмаи Куллои Ҷамоати деҳоти Қади Об, Сохтмони маркази табобатӣ дар ҷамоати деҳоти Ҷавонии деҳоти Қади Об, таъмир ва барқарорсозии лифти беморхонаи маркази шаҳр, дар ҳамаи марказҳои саломатии шаҳр ташкил намудани утоқи алоҳида барои хатнаи кӯдакон ва таваллуд, 2 маркази саломатӣ ва бунгоҳои тиббӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва ғайра аз дастовардҳое мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадаанд. Ҳамаи ин дастоварду шукуфоиҳо ва пешравиҳо самараи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ва меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин иқдомҳои нек ва корҳои хайр аз он шаҳодат медиҳанд: сокинони шарафманди шаҳри Роғун хоҳони сулҳу Ваҳдат ва пешравию шукуфоии кишвар буда, бо дарки масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош меварзанд. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки 30 соли Истиқлолият чун 30 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Роғуншаҳр оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад. Бигзор, ваҳ,3 ,3уботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафхои наҷиби созандагӣ, роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад! Бигзор, Истиқлолияти давлати тоҷикон, ки атои худовандӣ ва пайки ҷовидонист, то абад устувору поянда бошад!-5,+ ыцвф Итминони комил дорам, ки ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ ба мардуми соҳибмаърифату заҳматкаши кишварамон нерӯи тоза бахшида, ба таҳкими дастовардҳои он, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишварамон, боз ҳам тақвият додани ваҳдати миллӣ ва аз имрӯза беҳтар шудани рӯзгори халқи азизамон мусоидат менамояд. Дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии халқамон мо бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошем, Ватани худро мисли модарамон ва баробари ҷонамон дӯст дорем, тамоми кӯшишу ғайрат ва қуввату имконияти худро ба хотири ободии он сафарбар намоем. Боварии комил дорем, ки мо мардуми шарафманди шаҳри Роғун бо шукргузорӣ аз ободию оромӣ, сулҳу суботи давлати азизамон ин санаи муҳими таърихӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи олӣ баргузор хоҳем кард. Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва ҳозирини гиромиро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон хушҳолии рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат ва файзу баракатро таманно менамоям. Бигзор, Истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад! Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!
Добавить комментарий