НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
Шарафзода Баҳром Абдуалим
Мақола фарогирии аҳамият ва нақши Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маорифи миллӣ, инчунин ҷанбаъҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, рушди низоми маориф, равандҳои таъсиррасони педагогии илму маорифи кишвар, таҳаввулот ва рушди он дар ҷомеа мебошад.
Калидвожаҳо: Президент, маориф, сиёсат, рушд, таҳавулот, ҷомеа, маорифи миллӣ.
Раванди давлатдории миллии мо собит менамояд, ки дар сиёсати давлатӣ маориф ҷойгоҳи хоса дошта, ҳамчун самти афзалиятноки ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Дар ин замина, бо дастгирию ибтикори Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста чораҳои судманд бо қабули барномаҳо ва консепсияҳои дахлдор бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф амалӣ мегарданд.
Дар робита ба ин, рушди соҳаи маориф бо пайваста роҳандозӣ намудани механизмҳои самарабахш, алалхусус истифодаи усулҳои фаъоли таълим, низоми таҳсилоти самараноку фарогир, инчунин таҳсилоти рақамӣ дар шароити рушди илму технология ва ҷаҳонишавӣ аз муҳиммияти самтҳои асосии соҳаи маориф буда, дар ин самт аллакай тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудааст. Дар шароити имрӯзи ҷаҳони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ, ихтирокорию навоварӣ аз муҳимияти сиёсати пешгиифтаи роҳбари давлат мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки соли 1991 дар кишвар 614 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 634 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 1916 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 65 адад муассиаҳои дигар, 13 муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин дигар муассисаҳои таълимӣ дар умум 3229 адад буда, беҳтар гардонидани фаъолият дар ин муассиаҳо, таъмини базаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ ва маводи таълимӣ аз иқдомҳои муҳими соҳаи маориф буд, ки мебоист амалӣ карда шаванд. Баъди раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, дар соли 1992, метавон гуфт, ки ин руйдод марҳилаи нави таърихӣ дар рушди давлатдории навин ва махсусан соҳаи маориф маҳсуб меёбад.
Бо дастгирию ташаббуси роҳбари давлат аз 27 декабри соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” қабул карда шуд, ки ин яке аз таҳавуллоти бузург дар таърихӣ ташаккули низоми маориф арзёбӣ мегардад. Дар моддаи 3 ҳамин қонун оид ба сиёсати давлати дар соҳаи маориф чунин арзёбӣ гардидааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро яке аз соҳаҳои бартариятнок эълон менамояд. Аз ин лиҳоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” самтҳои гуногуни соҳаи маорифро ба танзим дароварда, ҷойгоҳи маорифро дар сиёсати давлатӣ махсус муқаррар кард.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолони маорифи ҷумҳурӣ рӯзи 28 августи соли 1995 баён карда буданд, ки ба миён омадни ниёзи ҷиддии ислоҳоти мактабу маорифро ҷиҳати дарёфти мароми истиқлолияти давлатӣ, талаби марҳилаи сифатан созандаи пешрафт маънидод намуда, афзуданд, ки замони такмили низоми таълиму тарбия ва мактабу маориф дар заминаи сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқию фарҳангӣ ва бо назардошти имконияту тақозои даврони муосиру арзишҳои умумибашарӣ фаро расидааст [9]. Моҳиятан дар ин мулоқот сарвари давлат маорифро, асоси воқеии рушди кишвар дониста, зиёиёну маорифчиёнро ба фаъолияти самарнок баҳри таккомули ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа роҳнамоӣ карданд.
Рӯзӣ 27 июни соли 1997 созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ қабул шуд. Ин дастоварди ҳукумати мамлакат, ҳамчун руйдоди муҳими таърихӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад, ки бо талошу фаъолияти созандаи роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва ин руйдоди муҳим ба ҳаёти ҷомеа, фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, махсусан маориф ва илм заминаҳои рушдро боз ҳам васеъ гузошт. Соли 1998 бо мақсади рушди илму маориф қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” қабул кард. Дар ин сол инчунин 20 марти соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника” қабул шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 апрели соли 2002 дар паём таъкид доштанд, ки ҳарчанд ҳукумат барои барқарор кардани инфраструктураи мактабҳои миёна, сохтмони мактабҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ҷалби ёриҳои башардӯстона миллионҳо доллар харҷ кардааст, вале ҳолати онҳо ҳанӯз дар сатҳи даркорӣ нест. Дар ҳамон паём роҳбари давлат 6 масъалаи муҳим барои рушди минбаъдаи соҳаи маорифро мушаххас баён доштанд [6]. Дар соли 2002 “Консепсия милии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда, дар он роҳҳои татбиқи амалии ислоҳоти маорифро муайян кард. Ҷузъҳои таркибии мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷат мақом, мақсад ва вазифаҳои маълумотро дар марҳалаи нави таърихӣ муқаррар менамояд. Бо қабули қарори дахлдор “Дар бораи комютеркунонии мактабҳои асосӣ ва миёнаи таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007” базаи моддию техникии муассиаҳои таълимӣ боз ҳам беҳтар гардонида шуданд. Роҳбари давлат таъкид менамоянд, ки рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа ва умуман ояндаи кишвар аз вазъи соҳаи маориф вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳукумат илму маорифро ҳамчун захираҳои стратегии пешрафти кишвар арзёбӣ мекунад ва барои маърифатнокии аҳолии мамлакат ва тадриҷан беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии кормандони соҳаи илму маориф мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хусусан қарори ҳукумат дар бораи компютерикунонии мактабҳо барои дастрасии мактаббачагон ба технологияи нав, пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии интернет такони ҷиддӣ бахшид [7].
Дар мулоқоти роҳбари давлат, санаи 21 майи соли 2005 баён шудааст, ки ҳукумат ба таҳкими низоми таҳсил дар кишвар ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Зеро маорф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст. Самти асоситарини рушди маориф нигоҳ доштани фазои ягонаи таълим, таъмини ҳатмии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил ва ба ҳамаи гуруҳҳои аҳолӣ дастрас гардидани таҳсилот иборат мебошад [1]. Ба хотири мусоидат ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури техникиву технологӣ дар ҷомеа мо соли 2010-ро “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардем”[8]. Дар заминаи эълон гардидани “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” дар муассисаҳои илму морифи кишвар чорабиниҳои мақсадноки илмию амалӣ доир карда шуданд. Ин иқдом нишонадтиҳандаи ҷойгоҳи хосаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлатро нишон медиҳад.
Дар ин давра муайян кардани афзалиятҳои сиёсати маориф ва рушди илмҳои педагогӣ дар “Стратегияи милии рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дар “Консепсияи милли тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ шуда, татбиқи самараноки онҳо ба рушди ҳамаҷониаи раванди педагогӣ ва маорифи миллӣ мусоидат менамояд. Дар робитаба ин, муҳим будан ва амалӣ гардонидани самтҳои афзалиятноки рушди таҳқиқоти педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни ҳол ҳамчун самтҳои муҳим барои рушди маориф низ маҳсуб меёбанд дар ин таҳқиқот низ дарҷ карда шудааст [2].
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бистсолаи (2020-2040) “Солҳои рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ” пешниҳод шуд, ки қабули ин ташаббуси давлатӣ дар соҳаи маориф, бо мақсади рушди тафаккури техники шаҳрвандон, ихтироъкорию навоварӣ ва рушди маориф таъсири муҳим дорад. Дар паём 21декабри соли 2021 гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат қарор додем. Роҳбари давлат иброз доштан, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум мебошад.
Дар паёми соли 2021 гуфта шудааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав, литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд [3]. Мувофиқи маълумоти расмӣ, ки дар паёми соли 2022 оварда шудааст, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд. Дар ҳамон паём, роҳбари давлат ироа кардааст, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёна 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод [4].
Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ, ҳамеша таъкид медоранд, ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. [5]. Аз ҷумла 40 фоиз зиёд шудани маоши омӯзгорон ва инчунин стипендияҳо аз дастгириҳои дигаии давлатии соҳа мебошад.
Аз омӯзиш ва таҳлили мавзӯъ ба хулоса омадан мумкин аст, ки нақши Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф, хусусан омода кардани мутахассисони соҳа, баланд бардоштани ҳисси миллии хонандагону донишҷӯён, дастрасии омма ба таҳсил, андешидани имкониятҳои иловагӣ барои таҳсили ҷавондухтарон, сифатан омода кардани мутахассисон, рушди ҳамаҷонибаи илм, беҳтар гардонидани иқтидорҳои муассисҳаои илмӣ, бунёди муассисаҳои давлати ва хусусӣ, дастгирии бахши хусусӣ, рушди таҳсилоти рақамӣ, ҳамгироии имкониятҳои муассиаҳои олии кишвар бо барномаҳои таълими байналмилалӣ, омузиши забонҳои хориҷӣ, ҳавасмандгардониҳо ва дастгириҳои молиявии мутахассисон дар ҳама соҳаҳо, таҳияи озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани ҳиси миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандон ва дар маҷмуъ рушди маорифи миллӣ басо калон буда, дорои аҳамияти илмию омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ мебошад.
Адабиёт:
- Набиева Р. А., Зикриёев Ф. Б., Зикриёева М. Ф.Таърихи халқи тоҷик. Нашридуюм, Душанбе, “Собириён”,-2010. 245с.
- Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. №4(49), 2023.132-143с.
- Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
- Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.12.2022 12:30, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-41с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2002.14:00, шаҳри Душанбе: http://www.prezident.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2005.13:00, шаҳри Душанбе:http://www.prezident.tj.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 04.2010.12:00, шаҳри Душанбе:http://www.prezident.tj.
- Шарифзода А. Маорифпарвар. Бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,-2012. 338с.
- Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди-Душанбе, “Фасл-4”. 2021.420-421с.
РОЛЬ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН УВАЖАЕМОГО ЭМОМАЛИ РАХМОНА В РАЗВИТИИ НАЦИОНАЛЬНОГО ОБРАЗОВАНИЯ
Шарафзода Б.А.
В статье освещены значение и роль Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона в развитии национального образования, а также аспекты государственной политики в области образования, развитие системы образования, влияющие на процессы педагогической науки и образования в стране, ее эволюция и развитие в обществе, эволюция, общество, национальное образование.
THE ROLE OF THE PRESIDENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN RESPECTED EMOMALI RAHMON IN THE DEVELOPMENT OF NATIONAL EDUCATION
Sharafzoda B.A.
The article highlights the importance and role of the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon in the development of national education, as well as aspects of state policy in the field of education, the development of the education system that affect the processes of pedagogical science and education in the country, its evolution and development in society.
Keywords: President, education, politics, development, evolution, society, national education.
Добавить комментарий