БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

Имрӯзҳо шаҳри Роғун дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон тибқи дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёди иншоотҳо, боғу гулгаштҳо ободонию бунёдкориҳо симои худро басе дилкашу назаррабо намудааст. Дар натиҷаи сиёсати созандаи давату Ҳукумати мамлакат ва саъю талошҳои пайвастаи раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло пешрафти босуботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр таъмин гардида, сатҳу сифати ҳаёту рӯзгори мардум зина ба зина боло рафта истодааст.

Бахшида  ба 30-юмин солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ, бо иштироки  намояндаи Ҳукумати мамлакат,  раиси шаҳри Роғун ва дигар намояндагони касбу кори гуногун дар  ҷамоати деҳоти Қади Об деҳаи Қалъаи Нав муассисаи давлатии таълимии томактабии №3  бо номи  «Бобуна»  барои 34 нафар кӯдак, ки бино аз ду хобгоҳ, ду ҳаммом ва ду ҳоҷатхона, як толори бозӣ, як ошхона, утоқи роҳбар, утоқи муҳосиб, утоқи табиб, утоқи мураббияҳо, майдончаи бозии беруна ва утоқи посбон иборат, инчунин  муассисаи  таҳсилоти миёнаи асосии №13 дар деҳаи Хубдараи ҷамоати Қади Об ва  дар даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Оби гарм аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ нуқтаи калони фурӯши маводи сӯзишворӣ, мағозаи обҳои ташнашикан ва мағозаи фурӯши равғанҳои молиданӣ  ба истифода дода шуда ба фаъолият оғоз намуданд.

                                                                                                 Шоира Раҷабалиева