Нақш ва аҳаммияти илму дониш дар таҳкими тарбияи худшиносии миллии наврасону ҷавонон ва педагогию идеологӣ  

 

Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи кишвар, ки санаи 30 майи соли 2024 баён доштанд.  

    Нақш ва аҳаммияту ҷойгоҳи илму дониш дар ҳаёту зиндагии ҳар як инсон бағоят бузург буда, рӯзгори инсонро имрӯзҳо бе дастовардҳои илмию иноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон вобаста ба ин масъала чунин таъкид намудаанд: “Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд”.

       Илова бар ин, роҳбари давлат дар радифи он иброз доштанд, ки: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму маориф ворид намудани технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои замони нав ва азнавсозии идораи илму маориф фазои мусоид ба вуҷуд овард, ислоҳоти мақсадноки соҳаи маориф оғоз гардид. “Маориф дар замони соҳибистиқлоли бо дастгирии давлат ва ҳукумат ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфт”. Аз ҷавонони саодатманди мо тақозо мегардад, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хештаншиносӣ ба роҳи заҳматталаби илм ворид гардида, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саъй намоянд. Зеро ки онҳо кишвари соҳибистиқлоламонро, танҳо бо роҳи илму технология ва саноат метавонанд пешрафтаву мутарраққӣ намоянд.

     Дар раванди бархурди тамаддуни илмӣ ва дастовардҳои иноватсионӣ ба моделҳои кишварҳои пешрафтаи олам назар намоем, дар тараққиёти иқтисоди миллӣ ва тафаккури ҷомеаи онҳо мақоми илму маърифат ҷойгоҳи аввалро ишғол кардааст. Дар ин замина андешаи сиёсатшиноси тоҷик С. С. Ятимов чунин мебошад: “Миллатҳое, ки илму дониш фарогири аксарияти онҳо шуд, дар арсаи ҷаҳон тасаллут пайдо карданд. Аҳволи мардуми хешро беҳбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста доранд. На танҳо истифодаи захираҳои табии оламро ба манфиати худ ба роҳ мондаанд, балки ақли мардумони бегонаро ҳам мутеи худ гардонданд. Вобаста ба ин агар мо ба суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли 2024 ироа шудааст, таваҷҷӯҳ намоем онҷо баён шудааст, ки: “Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусалмонишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Қувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки ба чи суръат рушд карда истодаанд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ оварадни насли ҷавони кишвар аст”. Вобаста ба ин масъала сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намояд. 

         Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар, ки рӯзи 30 майи соли 2024 доир шуд, бо дарназардошти авзои геосиёсии ҷаҳони муосир ва  шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд. Омӯзиши илму дониш метавонад наврасону ҷавононро аз таасубу ихтилоф, аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ ва омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ эмин нигоҳ дошта, дар ташаккули ватандӯстӣ ва худшиносии милии онҳо таъсири созгор мегузорад.   

  СИРОҶИДДИН ФАТҲУДИНОВ

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун