Одамрабоӣ ва одамфурӯшӣ барои фаҳш ва бардагӣ

 Мутаассифона имрӯз ҳам ҳодисаи хариду фурӯши одамон дар ҷаҳони муосир ҷой дорад. Онро одамрабоӣ, одамфурушӣ, ё траффик меноманд.

Дар ин ҷодда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва истисмори онҳо барои фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм аз  2 декабри соли 1949, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф карда шуданд.

      Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон  ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» 26 июли соли 2014 №1096 муайян менамояд.Ҷинояти мазкур яке аз кирдорҳои нанговар ба шумор рафта, аз ҷониби иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба муқобили ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоқикистон бо аввалин Конститутсияи дар даврони соҳибихтиёрӣ қабул кардааш, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз ба таъмини риояи ин арзишҳои олӣ нигаронида шудаанд.Таркиби ҷинояти савдои одамон ба Кодекси ҷиноятӣ бо Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 августи соли 2003, № 45 дохил карда шудааст. Яке аз асосҳои ба Кодекси ҷиноятӣ дохил намудани чунин таркиби ҷиноят–ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурўши одамон, хусусан занону кўдакон ва ҷазо барои он, ки илова ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, ба ҳисоб меравад. Ин санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидаз 15 ноябрисоли 2000 қабул шудааст. Ин санади ҳуқуқи байналмилалиро Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2002 тасдиқ кардааст.

Санадҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуданд, ки дар асоси талаботи  моддаи 10 Конститутсия қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.Ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва аъзои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шуро ва Кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам иштирок ва маърўза намуда, доир ба ҳолати риояи ин муқарраротҳо дар муколамаҳо иштирок менамояд. Яке аз масъалаи муҳим, ки ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгўии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.

Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфнокии махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равон шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва таҳриби субботу устувории вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии давлат мебошад.Бо вуҷуди он, ки қонунгузории амалкунанда савдои одамон ва истисмори онҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намуда бошад, ҳам аз таҷрибаи судӣ ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам шахсони алоҳида ба содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона ва нанговар даст мезананд. Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки асосан ҷавондухтарон қурбониёни савдои одамон мегарданд. Ҷинояткорон аслан ҷавондухтаронеро, ки ба мушкилоти зиндагӣ рў ба рў гардида, ё таҷрибаи зиндагии камтар доранд ҳадафи асосии худ қарор медиҳанд.Мутаассифона асосан ба ин кирдори ҷинояткорона занон даст мезананд.

Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кўдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад.

                                                                                     

 Сироҷиддин Фатҳуддинов

Омўзгор