Машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ омили саломатӣ ва пешгирии бемориҳост!
Машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ омили саломатӣ ва пешгирии бемориҳост!
Фаъолияти ҷисмонӣ ҷузъи муҳими тарзи ҳаёти солим мебошад. Он ҳама гуна ҳаракатро дар бар мегирад, ки сарфи энергияро талаб мекунад.
Тадқиқотҳои сершумор нишон медиҳанд, ки фаъолияти ҷисмонӣ дар нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии бемориҳои гуногун нақши ҳалкунанда дорад. Машқи мунтазам бо коҳиши хатари бемориҳои дилу рагҳо, диабети навъи 2, баъзе шаклҳои бемории саратон ва фарбеҳӣ алоқаманд аст.
Он барои мустаҳкам кардани системаи дилу рагҳо, нигоҳ доштани сатҳи оптималии холестирин ва қанди хун, баланд бардоштани иммунитет ва нигоҳ доштани саломатии устухонҳо кӯмак намуда, ба истеҳсоли эндорфинҳо – ҳормонҳои шодӣ ва некӯаҳволӣ мусоидат мекунад.
Он инчунин барои беҳтар кардани солимии равонӣ тавассути коҳиш додани нишонаҳои изтироб ва депрессия ёрӣ мерасонад.
Фаҳмидани он муҳим аст, ки фаъолияти ҷисмонӣ набояд шадид ва тӯлонӣ бошад. Ҳамагӣ 30 дақиқа машқҳои мӯътадил дар як рӯз кифоя аст, то фоидаи ҳадди аксар ба даст ояд. Ин метавонад роҳ рафтан, варзиш, пиёдагардӣ, сайругашт, давидан, велосипедронӣ, шиноварӣ ё дигар фаъолияти ҷисмонӣ бошад.
Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, бемориҳои ғайрисироятӣ қариб 80% дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки он дар сатҳи баланд дар ҷаҳон аст. Ба ин бемориҳо диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳо, саратон ва баъзе бемориҳои музмини роҳи нафас дохил мешаванд.
Як бемории асосӣ, ки ба аҳолии Тоҷикистон таъсир мерасонад, ин бемории диабети қанд мебошад. Фаъолияти ҷисмонӣ ба танзими сатҳи глюкозаи хун тавассути баланд бардоштани ҳассосияти инсулин ва азхудкунии глюкоза ба мушакҳо кӯмак мекунад.
Дар Тоҷикистон ба хусус дар минтақаҳои дурдаст ва деҳот, расму оинҳои суннатӣ ва эътиқоди фарҳангӣ аксар вақт аз машқҳои ҷисмонии духтарон ва занон ҷилавгирӣ мекунанд. Бояд зикр кард, ки ҳудуди 74 дарсади аҳолии кишвар, дар деҳот ба сар мебаранд. Нақшҳои гендерӣ сабабгор мешаванд, то ки занон бояд корҳои хона ва ӯҳдадориҳои нигоҳубинро аз машғул шудан ба варзиш ё машқ бартарӣ диҳанд. Илова бар ин, интизориҳои ҷомеа аксар вақт ҳаракати занонро берун аз хона маҳдуд карда, дастрасии онҳоро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ маҳдуд мекунад.
Барои мисол иҷрои машқҳои ҷисмонии мунтазам дар майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби занон ё калонсолон ба ҳамагон тааҷҷубовар аст, новобаста аз он, ки дар ҳама кишварҳо чи занон ва чи мардон ҳамаруза ба варзиш машғул мешаванд.
Гузашта аз ин, доғи иҷтимоӣ нисбати заноне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ машғули фаъолияти ҷисмонӣ доранд, вуҷуд дорад. Заноне, ки ба варзиш машғуланд ё машқ мекунанд, метавонанд бо интиқод ва фишори хонаводаҳо ва ҷомеа рӯ ба рӯ шаванд, ки ин боиси даст кашидан аз варзиш мешавад.
Инчунин бояд гуфт, ки дар кишвари мо дар бораи манфиатҳои машқҳои ҷисмонӣ ва таъсири он ба саломатӣ маълумот кам аст. Ин метавонад ба он оварда расонад, ки занон аҳамияти варзишро дарк намекунанд ва ба он ниёз надоранд.
Илова бар ин, эътиқоди динӣ низ метавонад барои иштироки занон дар машқҳои ҷисмонӣ монеа эҷод кунад. Бархе аз хонаводаҳо бар ин назаранд, ки машғули варзиш ё машқ барои занон номувофиқ аст, зеро ин корро беодобӣ ва ё бархилофи таълимоти динӣ медонанд.
Ба ҳамин монанд, дар байни калонсолон чунин ақида вуҷуд дорад, ки машқҳои ҷисмониро танҳо бояд дар давраи ҷавонии худ бояд анҷом медоданд ва интизор меравад, ки онҳо тарзи ҳаёти нишастаро пеш баранд. Пиронсолон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ ташвиқ карда намешаванд, зеро боварӣ доранд, ки бо ин восита ба онҳо метавонанд осеб расонанд. Ин интизории фарҳангӣ ҳаракати онҳоро боз ҳам маҳдуд мекунад.
Монеаи дигари фарҳангӣ ба либоспӯшӣ марбут аст. Интизор меравад, ки духтарон ва занон урфу одатҳои фарҳангии худро иҷро кунанд, ки одатан пӯшидани либосҳои дароз ва озодро дар бар мегирад, ки ҳангоми машғул шудан бо машқҳои ҷисмонӣ душвор аст. Ин метавонад монеаи фаъолияти ҷисмонӣ ба мисли давидан ё велосипедронӣ ё дигар навъи машқҳо бошад, ки ба тарзи ҳаёти нишаста оварда расонад ва онҳоро дар хатари пайдоиши мушкилоти гуногуни саломатӣ гузорад.
Гарчанде ки анъанаҳои фарҳангӣ арзишҳои мусбӣ доранд, ҳалли монеаҳо дар пешбурди фаъолияти ҷисмонӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим роҳи тӯлонӣ хоҳанд дошт.
Барои бартараф кардани ин монеаҳои фарҳангӣ, бояд дар меъёрҳо ва эътиқодҳои фарҳангӣ ба қадре тағирот ба амал ояд. Барномаҳои таълимӣ ва огоҳӣ бояд барои пешбурди фаъолияти ҷисмонӣ ва аз байн бурдани хурофотҳо ва тасаввуроти нодуруст дар атрофи он амалӣ карда шаванд. Барномаҳо бояд махсус барои занон ва калонсолон тарҳрезӣ шаванд, то онҳоро ҳавасманд кунанд, то ки ба машқҳои мунтазами ҷисмонӣ машғул шаванд. Барномаҳои хоси занон, ки либоси варзишӣ ва занонаро тарғиб мекунанд, инчунин бояд дар баробари дастрасии осон ба толорҳо ва иншооти варзишӣ барои занон ташвиқ карда шаванд.
Ин метавонад фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба занон барои иштирок дар варзиш, аз ҷумла дастрасӣ ба иншоот ва барномаҳои варзиширо дар бар гирад.
Бо вуҷуди ин мушкилот, Тоҷикистон анъанаҳои деринаи машқҳои ҷисмонӣ дорад, бахусус дар шакли машқҳои берунӣ, аз қабили кӯҳнавардӣ, сайёҳӣ, аспсаворӣ ва ғайраҳо. Ҳукумат барои пешбурди фаъолияти ҷисмонӣ тавассути ташаббусҳо, аз қабили Барномаи миллии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Стратегияи миллӣ оид ба мубориза ба бемориҳои ғайрисироятӣ талош кардааст.
Солҳои охир дар шаҳрҳо шумораи марказҳо ва толорҳои варзишӣ афзоиш ёфта, инчунин оммавӣ шудани намудҳои варзиши даставӣ аз қабили футбол, волейбол, теннис, баскетбол ва ғайраҳо мушоҳида мешавад. Аммо ин иншоотҳо ва фаъолиятҳо аксаран танҳо барои онҳое дастрасанд, ки имкон доранд ё дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.
Пешбурди барномаҳои фаъолияти ҷисмонӣ, ки ба беҳбуди натиҷаҳои умумии саломатӣ нигаронида шудаанд, бояд як авлавияти сиёсати системаи тандурустии Тоҷикистон гардад, ки ба сокинон аз минтақаҳои дурдаст, ки дастрасӣ ба ёрии тиббӣ на ҳама вақт имконпазир ва дастрас аст, вале ҷалби онҳо ба машқҳои оддӣ метавонад ҳама чизро тағйир диҳад, байни шароитҳое, ки аз интихоби тарзи ҳаёти носолим ба вуҷуд омадаанд.
Барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ҷисмонӣ дар Тоҷикистон метавон якчанд стратегияҳоро амалӣ кард.
Аввалан, метавон маъракаҳои маърифатиро роҳандозӣ кард, то ба аҳолӣ дар бораи аҳамияти фаъолияти ҷисмонӣ дар пешгирии бемориҳо маълумот диҳад. Илова бар ин, фароҳам овардани ҷойҳои бештари ҷамъиятӣ барои машқҳои ҷисмонӣ, ба монанди боғҳо ва иншооти варзишӣ метавонад одамонро ба фаъолияти бештар ташвиқ кунад.
Инчунин бо ҳамкории зич бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ин ташаббусҳо метавонанд огоҳиро дар бораи аҳамияти машқҳои мунтазам дар нигоҳ доштани саломатии хуб баланд бардоранд.
Равиши дигар метавонад истифода аз барномаҳои васоити ахбори омма бошад, ба монанди барномаҳои телевизион, радио ва маҷаллаву рузномаҳо барои паҳн кардани маълумот дар бораи он, ки машқҳои мунтазам ба пешгирии бемориҳо мусоидат мекунанд.
Ғайр аз он, мактабҳо метавонанд дар таълим додани чи кӯдакон ва чи наврасон дар бораи манфиатҳои фаъол будани ҷисмонӣ бо ворид намудани чорабиниҳои варзишӣ ба барномаи таълимии онҳо ва инчунин додани дониш оид ба одатҳои ғизои солим нақши муҳим бозанд.
Бо назардошти равиши бисёрҷанба, мо метавонем дар самти пешгирии бемориҳо, беҳбуди саломатӣ ва некӯаҳволии умумӣ дар кишвар саҳм гузорем.
Манучеҳр СУЛТОНОВ,
духтур ва тадқиқотчии бахши тандурустӣ
Добавить комментарий