Аҳдшиканон расвои олам хоҳанд шуд
Аҷдоду авлоди мо миллати тоҷик, аз қарнҳо то инҷониб дорои ҳиммати баланду сиришти пок, накуандешу некухисол ва тарафдори амну амонӣ, сулҳу сафо, тенҷию амонӣ буда, шиораш танҳо афтодаеро даст гирифтан аст. Бузургони ин миллати тамадунофар башарриятро ба сӯи накӯкорӣ дустию бародарӣ иттиҳоду иттифоқ талқин намуда, ҷангу адуро маҳкум мекунанд. Ин халқу миллат дар аҳду паймон содиқ монда, муруввату вафодориро ки расми одамият аст, ҷонибдорӣ мекунад. Аммо дар он замон, ки душмани нотавонбинаш аз ҳасуд ба сӯяш дасти тамаъ дароз карда, бесабаб ба ҷонаш захма мезанад, баҳри ҳифзи номус ва хоки покаш бебокона ҷонашро сипар месозад ва сари адуро бераҳмона мекубад…
Аз таърихи қадимаи халқи тоҷик аён аст, ки тоҷикон дар сохтани давлат ва нигоҳ доштани марзу буми хеш аз ҷонгузаштаанду хоки муқаддасу сарзаминашро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст надодаанд.
Воқеаҳои мудҳишу басе дардовар, ки санаи 14 –уми сентябр дар марзи давлати Қирғизистон сар зад, ин аҳдшикании ин кишварро ба ҳамагон ошкор намуд. Ин муносибати ноҷавонмардонаи ҳамсоякишвар, ки чандин маротиба шуд такрор меёбад, мо миллати тоҷикро ҳушдор медиҳад, ки дар баробари риояи хислатҳои инсонгарӣ, хасми ношудро шинохта, ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Хуни ноҳақ рехтан, ҷони тифлакони бегуноҳу маъсумро гирфтан, ба хонаи мардуми бегуноҳ оташ задан танҳо аз дасти нохалафон меояд, ки ин кирдори разилона аз тарафи қирғизон ба мо расид.
Боз ҳам аз ҷавонмардию ҳимматбаландии Пешвои муаззами миллати тоҷикон ба ин кирдори разилона гузашт шуд, боз ҳам хиради азалии миллати тоҷик сипар гардид, ки оташи ҷанг хомӯш гардад, аммо боз мегӯем, ки аҳдшиканон расвои олам хоҳанд шуд.
Добавить комментарий