Рушди давлати демократӣ
Бахшида ба пешвози 25 солагии
Конститутусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рушди ҷомеаи демократӣ
Дар ҷомеаи демократӣ халқи тоҷик бо арҷгузорӣ ба халқу миллати худ, ба суйи мамлакати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рӯ ниҳода аст. Мо давлати демократӣ гуфта, зери ин мафҳум соҳибихтиёрии кишвар, озодии миллат ва саъю кушиши халқро дар роҳи ватандустӣ ва хештаншиносӣ арзёбӣ менамоем. Солҳои 1992-1997 халқи тоҷик рӯзҳои даҳшатбореро аз сар гузаронид, ки миллати мо аз дасти хоинони ватан пароканда ва рӯ ба нестӣ оварда буд. Миллат аз дасти ин тоифаи ватанфуруш сарнагуну гумроҳ шуда, умеди зиндагиро аз даст дода буданд. 27 июни соли 1997 миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба давлати сулҳпарвар табдил ёфт, ки то инҷониб мо дар чунин фазои сулҳу суботи кишвар оромона умр ба сар мебарем. Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон омадааст, ки «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад ва барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Аз ин рӯ, Конститутсия барои мо ҳамчун арзишмандтарин дастовард ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар яке аз баромадхояшон қайд карда буданд, ки: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад». Агар ба истилоҳи калимаи конститутсия назар афканем, мебинем, ки мафҳуми он ба маънои муқарраркунӣ ё тасдиқкунӣ наздикӣ дорад. Бинобар ин, Конститутсия ин шакли ифодаи иродаи мардум ва воситаи амалисозиву кафолати ин ирода мебошад. Ин ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи мардум, принсипҳо ва меъёрҳои асосии ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар мегардад. Дар таърихи кишвари мо панҷ маротиба Конститутсия қабул гардидааст, ки ҳар яки он марҳалаи нави инкишофи давлат ва ҷомеаро муайян мекард. Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар давоми соҳибистиқлол шудани кишвар халқи тоҷик аз камбудиҳои рӯзгор ва серию пурии дастархонашон шукрона намуда, дар пайи ободии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд. Маҳз ҳамин оромии кишвар аст, ки ҷавонони мо дар ҳама ҷабҳаҳои давлату давлатдорӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд. Бояд тазаккур дод, ки пешрафти ҷавонон аз сулҳу суботи кишвар ва ҷомеаи демократӣ дарак медиҳад. Воқеан ҳам агар мо хоҳони он бошем, ки дар ниҳоди насли ҷавони кишвар эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, пас бояд ба онҳо забон, таърих ва фарҳанги пурғановату арзишмандро тарғиб намоем. Боиси шодмонист, ки имрӯзҳо дар арафаи ҷашни 25 солагии Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мо роҳнамоеро ҳамчун Констутсия азизу муқаддас шумурда, дониста бошем, ки риоя намудани он барои шаҳрвандон ҳатмӣ ва зарурист. Аз ин рӯ, дар ин даврони соҳибистиқлолӣ кишар ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад аз озодии сухан ва фикронии амиқи худ, бунёдгари давлати пешрафта ва тамаддунсози миллати тоҷик бошад.
Ҳавасмо Комилзода муҳаррири маркази матбуоти бахши фарҳанги шаҳри Роғун
Добавить комментарий