Суханронии Раиси шаҳри Роғун бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳозирини гиромӣ!

   Санаҳои таърихие мавҷуданд, ки бо гузашти айём арзиши онҳо аҳамияти бештар пайдо намуда, дар таърихи ин ё он миллату давлат бо ҳарфҳои заррин сабт мегарданд.

    Дар як давраи ҳассоси тақдирсози ҷумҳурӣ, ки масъалаи боқӣ мондани Тоҷикистони азиз чун мамлакат дар харитаи сиёсии ҷаҳон дар байн буд, яъне дар давраи ибтидои соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон баргузор шудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабили чунин рӯйдоди бузурге дар сарнавишти миллати тоҷик мебошад.

    Ба таъбири коршиносон «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърих бо ҳарфҳои заррин бо номи «Иҷлосияи тақдирсоз» сабт ёфтааст, ки барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён аҳамияти ниҳоят бузург доштани анҷумани мазкурро таъкид месозад.  

   Тирамоҳи соли 1992 баҳри барқарор кардани сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ вакилони мардумӣ аз саросари кишвар барои баргузор намудани Иҷлосияи XVI  ба Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд омаданд. Кори Иҷлосияи аз 16 ноябр то 2 декабр давом кард ва роҳи наҷоту эҳёи давлатдории нави миллиро ҳамвор сохт…».

    Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

      Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.

     Таърих шоҳид аст, ки дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

     Муроҷиати Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олиро халқ то ба хол дар ёд дорад, ки гуфта буданд: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

     Фарзонафарзанди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ҳамчун меъмор пояҳои давлатдории навини тоҷиконро бунёд ва миллати моро дубора ба ҳам пайванд намуда, дар эмори давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ саҳми беназир гузоранд.

    Донишмандон бар он андешаанд, ки «давлатсозӣ, дар шароити мураккаб, фароҳам овардани заминаҳои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ба вуҷуд овардани имиҷи Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои таърихи куҳан, бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ-ин ҳама корномаҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут мебошанд».

    Мо шоҳидем, ки бо гузашти сӣ сол – пас аз Иҷлосияи сарнавиштсоз дар Тоҷикистон фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромиш ва иттиҳоди сиёсиву мафкуравии мардум фароҳам омад, раванди созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш густариш пайдо кард, манофеъ ва арзишҳои миллӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтанд, аз забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлат дифоъ ба амал омад, бунёди сиёсат бар маънавият, арзишҳои башарпарварӣ ва орзуву омоли мардум гузошта шуд. Дар партави ҳамин сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат тоҷикон қудрати созандагӣ ва ягонагии сарнавишти таърихии худро амиқ эҳсос карданд ва дар ҳамовозӣ бо ин сиёсати ояндасоз ба ободониву офаринандагӣ ва эҳёи фикриву маънавӣ қиём намуданд.

     Натиҷаи ҳамин сиёсат ва маҳсули раванди бозҷӯии асолати миллӣ буд, ки дар ҷомеаи кунунии тоҷикон бехабарӣ аз таърих ва фарҳанги гузашта, бегонапарастӣ тадриҷан ҷои хешро ба ғуруру ифтихори миллӣ, ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳову муқаддасоти миллат доданд.

      Таърихнигорон навиштаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» ё «Сарвари давлат» ба ҳукми анъана даромада, дар давлатҳои пешрафтаи дунё низ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, дар Қазоқистон 1 декабр Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.

     Дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка душанбеи сеюми моҳи феврал рӯзи истироҳатӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз дар кишвар Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Ин ид аз соли 1885 инҷониб бахшида ба Президенти нахустини ИМА – Ҷорҷ Вашингтон таҷлил карда мешавад.

       Дар Исландия Рӯзи Президент 14 май ҷашн гирифта мешавад.

      Баргузории Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои бемислу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, ба таъбири донишмандон «дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст.»

      Вақте ки мо Президент Эмомалӣ Раҳмон мегӯем, ин номро бештари президентҳои имрӯзаву собиқи ҷаҳон ва бисёр сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ бо ифтихор ва эҳтироми хосса ба забон меоваранд, зеро Эмомалӣ Раҳмон ба ин муҳаббат сазоворанд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл мардумиянд ва аз байни халқ рӯидаанд ва бо халқи заҳматкашу меҳнатдӯст қаринанд. Вақте, Эмомалӣ Раҳмон мегӯем, пеши назар ҳастиву вуҷуд ва қалби миллати тоҷик ҳувайдо мегардад, ки онро чун гавҳараки чашм азизу гиромӣ бояд дошт.

      Ҳеҷ неруе қавитар аз неруи муҳаббат ба Ватан вуҷуд надорад. Имрӯз ин қувваро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо халқу миллати худ доранд.

        Президент Эмомалӣ Раҳмонро мардум бо амалҳои накуяшон барои халқу Ватан ва рафтори шоистаи ҷавонмардияшон тавонистанд дар дилу дидаи худ ҷо кунанд.

        Пешвои миллат бо сулҳ, об ва рӯшноӣ умри ҷовидонӣ пайдо карда, обу рӯшноиро на танҳо барои кишвари мо, балки ба оламиён чун армуғони тоҷикон таҳия намуданд. Иқдоми байналмиллалии ӯ вобаста ба таъмини мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, суханрониҳояшон аз минбарҳои баландтарини олам оид ба ҳифзи иқлими сайёра, ба падидаҳои номатлуби олам, аз қабили терроризм, экстремизм муборизаи беамон эълон намудан ба ҳамагон маълуманд.          

     Ҳозирини гиромӣ!  

       Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми заҳматқарини шаҳри номовари Роғунро бо ин ду санаи таърихиву тақдирсоз шодбош гуфта, бароятон саодати зиндагӣ ва зистан дар сояи сулҳу субот ва ваҳдату озодиро, ки бо шарофату баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, аз сидқи дил таманно мекунам.

       Саломату сарбаланд ва ҳамеша муваффақ бошед!  

      Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!