Истиқболи меҳмонону сайёҳон дар шаҳри Роғун

 

        Меҳмони хориҷӣ, ки  дар   Конфронси  “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтакавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” дар шаҳри Душанбе  иштирок намуда буданд, санаи 20 октябри соли 2022 баҳри дидан намудан аз Нерӯгоҳи барқии обии Роғун  ба шаҳри овозадори Роғун  ташриф оварданд.

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  бо иштироки Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло  ва ҳамроҳон  меҳмононро   дар даромадгоҳи Роғуншаҳр  бо анъанаҳои тоҷикона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили пухту паз- нонҳои гуногун, кулчаҳои  калону майдаи пурнақш,  қаннодиҳо, гулдузиҳои гуногун, чубтарошӣ, ихтирокорӣ,  намудҳои меваҷот ва ғайра  пешвоз гирифтанд.

         Сипас, чорабинии фарҳангӣ бо як фазои идона баргузор гардид, ки меҳмонони хориҷӣ хотираи нек аз Роғуншаҳ ба худ гирифтанд. Баъди пешвозгирӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ меҳмононро барои дидан аз НБО- Роғун сафарбар намуданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                             Раҷабалиева Шоира