Авзои сиёсии ҷаҳон ва мавқеи иқтисодӣ – сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири он аст, бо фазои сиёсиву иқтисодии кишварҳо таъсир гузошта, дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тағироти назаррас ворид намудааст.

        Бо чунин мисол, барои мамлакати мо даргириҳои Ҷумҳурии Украина ва Федератсияи Россия мисоли равшанест, ки ҳамчун шарикони стратегӣ нишондоди каломи муҳоҷирони  корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, Ҷумҳурии Украина низ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъи муайянро соҳиб аст. Ин ҷараён бе восита  ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузорад.

        Чунонки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикотии хеш вобаста ба фарорасии моҳи шарифи рамазони имсола таъқид доштанд  «имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ва мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайёмадҳои манфии он, бемории КОВИД-19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёраро сахт ба ташвиш овардааст».

          Вобаста ба ин номусолиҳатҳои марзӣ бо кишвари Қирғизистон, ки аз равобити ноаҳлонаи сиёсиву иқтисодии ҳамсоякишвар дарак медиҳад, ки ба болои мушкилоти мавҷуда ташвиши дигареро зам менамояд.

        Шароити аз диди сиёсӣ ва иқтисодӣ шадидан нигароникунандаи Афғонистон низ яке аз мушкилоти байналмилалӣ ба ҳисоб меравад ва таъсири он ба ҳамсоякишваре чун Тоҷикистон бевосита ва домандор хоҳад буд.

     Дар чунин низоми мураккаби муносибатҳо ва тағйир пазируфтани шароит масъулияти шаҳрвандии мо дар баробари уҳдадориҳои давлату ҳукумат баланд ва нисбатан ҷиддӣ гардида, чораандешиҳои саривақтӣ ва дарки воқеиро дар гардишҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ тақозо менамояд.

       Ба тариқи мушаххас метавон гуфт, вазифа ва уҳдадории шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки дар нигоҳдошти субот ва оромии  мамлакат саҳмгузор бошем. Узвияти мо  дар беҳбуд бахшидани авзои тағйирёбандаи ҷаҳон аз он иборат аст, ки мустақилона- бе мунтазириву нигаронӣ ҷиҳати дастгириҳои беруна ҳаёти худу наздиконамонро ҳифз ва таъминоти онро ба душ  бигирем.

   Бе назардошти манфиат ва фоида ҳама гуна муносибатҳои иҷтимоиро андешасолорона танзим намуда, мададрасони ҳамватанон будан қарзи виҷдонияти мост. Чунки ба назари мо ин вазъияти ба миёномадаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мувақати буда, устуворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ-иттиҳоди умумимиллиро тақозо менамояд.

      Дар як эътидоли муайян нигоҳ доштани муносибати инсонӣ ва дастгирии рӯхии атрофиён низ ба ҳамвор гардидани ҳама гуна, сад восита буда барои оянда механизми дурусти роҳандозии равобит ва амалкарди судовареро фароҳам месозад.            

  Роҳбари Маркази матбуоти  

   бахши фарҳанг                                                        Маҳсуддинов Ф. И