ПАЁМ: ВОХӮРИЮ МУЛОҚОТ БО АҲОЛӢ

          

 Дар асоси Паёми, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21.12.2021 ироа гардид, нақшаи вохӯриҳои Раиси шаҳри Роғун оид ба расонидани муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат аз 17 январи соли 2022 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуд. Бо ин мақсад гурӯҳҳои кории таблиғотию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, шуруъ аз 25 январ фаъолияти худро оғоз намуданд. Мавриди зикр аст, ки вохӯрию мулоқотҳо дар18 мавзеъ аз ҷумла, маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ ба роҳ монда шудааст, ки дар вохӯриҳои мазкур то ин ҷониб беш аз 1120 нафар аҳолии маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзидаанд. Мулоқоту вохӯриҳо фарогири сокинони тамоми деҳаҳо, кӯчаҳо, маҳаллаҳои қаламрави шаҳри Роғун ва сохтмончиёну бунёдгарони ишооти азими аср буда, айни замон дар дигар минтақаҳои шаҳр низ бо маром идома доранд. 

 

Дар чорабиниҳои номбурда, иҷрокунандаи Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ширкат меварзанд.

Дар вохӯриҳо муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои муҳиму стратегии кишвар, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ки дар соли 2021 ба вуқуъ пайвастанд, аз ҷумла таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шудааст. Гурӯххои корӣ муҳтавои Паёми имсоларо ба аҳолӣ расонида, оид ба муҳимияти он ва нуқтаҳои асосиидар Паём ироашуда далелҳои равшанро баён намуданд, аз ҷумла зикр гардид, ки Пешвои миллат, бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръат солҳои 2022-2026-ро (то ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ) «Солҳои рушди саноат» эълон кардаанд, ки ин иқдоми наҷибонаи навбатии Сарвари давлатамон дар пешравию ободӣ бунёдкорию созандагиҳои минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда , тадбиқи онро таъмин намояд, омадааст дар Пайми Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси олӣ, ки ин ҳадафи бунёдгарона бо ҷузъиётҳояш ба аҳолӣ фаҳмонида шуд. Аз Паём инчунин баён дошта шуд, ки татбиқи чорабиниҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шавад, инчунин баҳри тараққӣ додани яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ яъне, рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мамлакат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар баромадҳо нисбати бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмиллалӣ, нақши занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ, мизони асосии усули «дарҳои кушод» дар сиёсати хориҷӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу суббот, дастгирии занону духтарон ба илмомузӣ ва касбомузӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд. Хотирнишон бояд кард, ки вохӯриҳо бо аҳолӣ дар 18 мавзеъ ба нақша гирифта шуда, то 18 феврал идома меёбанд.    

Сармутахассиси  шуъбаи рушди  

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                       Раҷабалиева Шоира