Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Роғун

          Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Роғун санаи 22 марти соли ҷорӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ба марази тамошобинон пешниҳод гардид, ки он аз дастранҷи ҳунармандони ин шаҳр гувоҳӣ медод. Пас аз анҷоми намоиши ва сайру гашти идолна дар қасри фарҳангӣ шаҳр чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар қисмтаи тантанавии чорабинӣ Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар бо суханони табрикоти ҳозиринро шодбош гуфт. Дар ин чорабинии пуршукуҳ намояндаи гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун иштирок ва суханронӣ намуд. Сипас, туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ ба як қатор шахсони хизматнишондода тақдим карда шуданд. 
      Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо созу навои худ дилработар  намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо сайру гашти оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, ташкили вохӯрию  мулоқот бо аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ, баргузор намудани семинар-машваратҳо дар муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили шашкаю шоҳмот ва дави миллӣ, ташкили озмунҳои расмкашӣ дар муассисаҳои томактабӣ, ҳашарҳои оммавӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву растаҳо ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, насби шиору овезаҳо ва навиштаҷотҳои махсуси идона, намоиш ва фуруши маҳсулоти хоҷагии халқ, нашри маводу мақолаҳо бахшида ба ин ҷашн дар сомонаи расмии мақомот ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун», сабт ва инъикоси чорабиниҳо тариқи васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, баргузор намудани чорабинии фарҳангӣ ва варзишӣ, ташкили чунин чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳаҳои дурдаст низ ба роҳ монда шуданд.      

             Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, узви маҳфили “Сайқал”  Худойдодов А. Н.