Табрикоти Раиси шаҳри Роғун бахшида ба фарорасии Соли нави 2020

                                                                  Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ!

     Имрӯз, мо чун тамоми мардуми хушиқболи Тоҷикистони азиз, соли нави мелодиро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз ва ҳозирини гиромиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2020, ки аз дастовардҳои он орзуву умедҳои зиёд дорем, самимона табрику муборакбод мегӯям. Бояд зикр намоям, ки соли нав аз ҷумлаи идҳоест, ки дар  саросари  ҷаҳон    ҷашн  гирифта  мешавад  ва  фарорасии  ин  рӯзро  хурду  бузург,  пиру  ҷавон  бесаброна  интизор  мешаванд. Тавре маълум аст, ба  сарзамини офтобиву  бостонии  мо  чун  пайки  хуҷаста  бо  навиду  пайғоми  шодмонӣ,  бо  ҳазор  умеду  орзу  соли  нави 2020  ворид  мегардад.  Ва  умед  аст, ки  дар  ҳамаи  соҳаҳои  ҳаёти  ҷомеа  дигаргуниҳои  куллӣ  ба  вуқӯъ  мепайвандад. Қайд кардан ба маврид аст,  ки мардуми моро таомули  хубест,  ки  қабл аз  оғози  ҳар  марҳилаи зиндагӣ  ба  роҳи  тайкардаи  худ  назар  карда,  аз  бурду  бохти  хеш  хулосаҳо  мебарорад. Давоми соли 2019 бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун фазои сулҳу, осудагӣ файзи соҳибистиқлолии кишвар буд, ки корҳои ободонӣ сохтмонӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, симои шаҳри Роғун рӯз то рӯз дигаргун гардид. Ва ҳамчун соли пур аз файзу нишот дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад гашт. Яке аз воқеоти муҳими таърихии имсола ин ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун буд, ки бо ташрифи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони беш аз 60 давлати дунё амалӣ гашт. Соли 2019 бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳр ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, батартибдарории маҳалли зист, равшаннамоии маркази шаҳр, гулпӯш намудани кӯчаву растаҳо, тақвият бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бо аҳолӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ яке аз ҳадафҳое мебошанд, ки давоми имсол сурат гирифтаанд. Метавон қайд кард, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша якчанд иншоотҳои таъиноташон гуногун аз ҷумла, қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои 3 ошёнаи КИ ҲХДТ дар маркази шаҳр, ба истифода додани истгоҳҳои замонавӣ, меҳмонхона, корхонаи истеҳсоли оби нушокии “Оби куҳсор”, гушаи ҳунарҳои мардумӣ, майдончаи варзишӣ дар кӯчаи Майдони Нав, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Деҳқонобод, асфалтпӯш намудани роҳи деҳаи Ёли Гармоба, таъмиру тармими роҳҳои дохилишаҳрӣ, равшан-намоии биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои гуногун,  бунёду барқарорсозии беш аз 57 га боғу токзорҳо дар талу теппаҳо,  шинонидани беш аз 81 ҳазор гулу  гулбутта ва 19 ҳазор ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда аз корҳое мебошанд, ки дар ҳамин давра ба анҷом расонида шудаанд. Мо сокинони шарафманди шаҳри Роғун набояд ба ин қаноат намоем, балки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон пайваста талош намоем. Бояд  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ шумурда дар пайи ободию гулгулшукуфоии ин меҳани аҷдодиву таърихии Тоҷикистон бошем, зеро ин ҳама дастоварду шукӯфоиҳо ва пешравиҳо самараи Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ мебошанд.

           Ҳозирини гироми! Қайд кардан ба  маврид аст, ки ҳамаи  ин  иқдомҳои нек  ва  корҳои  хайр  аз  он  шаҳодат  медиҳанд, ки  сокинони шарафманди  шаҳри  Роғун  хоҳони  пешравию  шукӯфоии  кишвар   буда,  бо  дарки  масъулияти  баланд баҳри  таҳкими  пояҳои  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду  талош меварзанд. Дар ин замина хотирнишон месозам, ки соли 2020 низ яке аз солҳои муҳими сиёсӣ ва таърихӣ  ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сол маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешбинӣ гардидаанд. Ва ҳар яки моро зарур аст, ки нисбати ин чорабиниҳо бахусус интихоботи дарпешистода зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушди минбаъдаи ватани азизамон саҳмгузор бошем. Дар хотима  аз фурсати муносиб  истифода  бурда,  бори  дигар  ҳамаи  Шумо  ҳамдиёрони азиз  ва  ҳозирини  гиромиро  бо  фарорасии  Соли нави  мелодии 2020  самимона  табрику муборакбод  гуфта,  бароятон сиҳатмандии комил,  хушҳолии рӯзгор ва барори  кору  баракати  зиндагиро орзумандам. Бигузор  соли  2020  барои  ҳар яки  мову  Шумо  соли  пурфайзу  бобаракат,  соли  дӯстию  рафоқат  ва  соли  нуру  зиё  бошад.  

         Саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!