Ҷашни иди Ғалаба дар шаҳри Роғун.

   Имрӯз дар боғи фарҳангии шаҳраки  Оби Гарм раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода  Музаффар иштирокчиёни ин ҷамомадро  бо муносибати 74-юмин  солгарди  иди ғалаба табрику  муборак бод гуфта,  ба ҳамаи онҳо барори кору муваффақиятҳои нав ба навро орзу намуд.     Раиси шаҳр зимни баромадаш  чунин қайд намуд,ки мардуми Тоҷкистон ҳар сол рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.  Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.                                               Фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи ҷабҳаҳои ин ҷанги даҳшатнок, ки аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи башарият буд, иштирок карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих бо ҷасорату матонат ва сарбаландона гузаштанд .  Аз ин лиҳоз, корнамоиву диловарии фарзандони ба ору номуси Тоҷикистон барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад. Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоиву фаъолияти  собиқадорони  ҷангу меҳнат ва истифодаи  маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ҳисоб меравад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамасола кумак ва чораҳои зарурӣ амалӣ менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таърихи худ чунин ҷанги хунинро дар ёд надорад. Ҷанге, ки дар саҳифаҳои таъриху хотироти одамон  сабт    гардидааст,ҳодисаи фаромӯшнашаванда ва саҳифаи қаҳрамононаи таърихи  ватанамон маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат ҷанге, ки 22 июни соли 1941 аз тарафи Германияи фашистӣ аҳдшиканона рӯх дода буд, хунину даҳшатовар буд, ки зиёда аз 20 миллион одамони Советӣ дар натиҷаи ин ҷанг ҳалок шудаанд. Натиҷаи ин заду хӯрдҳо боиси ятиммонии ҳазорон кӯдакон, бешавҳармонии чандин занону наварӯсон ва ба вуҷудоии якчанд бемориҳои  марговари инсоният гашта буд, ки то ҳанӯз доғҳояш дар қалбҳо ва ёдҳояш дар саҳифаҳои хотироти таърихии аҳли башар боқӣ мондааст. Халқи Советӣ ва аскарону афсарони бошарафи он ба муқобили душмани ғаддор 1418 шабонарӯз муборизаи фидокорона бурда, шарафу истиқлоли  Ватани кабирамонро ҳифз намудаанд. Хушбахтона ин ҷанг 9 майи  соли 1945 бо ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ хотима  ёфт. Намояндагони миллатҳои сершумор дар ин ҷанг  иштирок намуда, ҷонбозиҳо кардаанд, ки дар байни онҳо низ  намояндагони миллати тоҷик буданд. Дар ин солҳои мудҳиш бештар аз 260 ҳазор фарзандони Тоҷикистон дар набардҳои ҷанг иштирок кардаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 60 ҳазор нафарашон дар набардҳои ҷанг ҳалок  шуданд. Зиёда  аз 55 ҳазор нафарашон нисбати  Ватани  маҳбубамон  барои  қаҳрамонию фидокориашон бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, 54 нафарашон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 19 нафари дигар бо ордени «Шараф» сарафроз гардонида шуданд. Корнамоиҳо ва номи неки фарзандони Ватанамон ба монанди  Исмоил Ҳамзалиев, Туйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Исмат Шарифов, Фатҳулло Аҳмадов, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Раҳимбой Раҳматов ва даҳҳо дигарон дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ҷанги  Бузурги Ватанӣ абадӣ нақш бастааст, ки  қаҳрамониҳои онҳо барои мо  дарси ибрат  мебошад. Шоистаи таъкид аст, ки  ҳар коре, ки барои озодиву ободии Ватан карда мешавад ва ҳар қадаме, ки ба хотири оромиву осоиштагии сарзамини аҷдодиамон ниҳода мешавад, умри ҷовидонӣ меёбад. Аз ин рӯ, номи  неки онҳое, ки аз Тоҷикистони азиз, хусусан аз диёри мо барои  ҳимояи  Ватан рафта буданд ва ба хотири шарафу номуси ватандорӣ ба муқобили Германияи  фашистӣ муборизаи  шадид бурдаанд, дар хотири мардуми мо то абад зинда хоҳанд монд. Бо даъватҳои ватандӯстона аз шаҳри Роғун зиёда аз 586 нафар ҳамдиёрону падарони мо низ аз рӯзҳои аввали ҷанг баҳри мудофиаи  ватани ҷоноҷонамон дар набардҳои ҷанг барои ғалаба ҷонбозиҳо кардаанд.  Хизматҳои онҳо барои Ватан, ободию хушҳолии фарзандони ин диёр ва наслҳои оянда ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корнамоиву заҳматҳои беназири шабонарӯзии  абармардонро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуда, чунин иброз намуда буданд: «Наслҳои имрӯзу фардо бояд ҳамеша ин қаҳрамониҳои беназирро қадрдонӣ кунанд ва дар мисоли онҳо насли  ояндаи худро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд». Лозим ба таъкиди хос аст, ки ҷиҳати ба даст овардани ғалабаи бузург хизмати собиқадорони меҳнат қаҳрамонони майдони меҳнат низ бо қувваи дучанд зоҳир мегардид. Халқи мамлакат зери шиори «Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба» зиндагӣ ва меҳнат мекарданд. Кор дар ақибгоҳ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд, занҳо ба ҷои мардон дар колхозу корхонаҳо кор мекарданд. Мардуми диёри мо дар давраи ҷанг бо меҳнати ҳалоли худ ҳосилнокии меҳнатро баланд бардошта, минтақаро дар як муддати кӯтоҳ ба дараҷаи пешқадамтарини хоҷагиҳои ғаллакории Иттиҳоди Шӯравӣ расониданд. Бояд зикр намоям, ки соли 1943 собиқ ноҳияи Оби Гарм барои барзиёд иҷро намудани нақшаи ғалласупорӣ бо Дипломи дараҷаи 3-юми  умумииттифоқ сарфароз дониста шудааст. Ин ҷасорату корнамоии падарону модарони мо, барои наслҳои имрӯзу ояндаи ин диёр намунаи ибрат мебошанд. Дастгирии бевоситаи собиқадор чун ҳамешагӣ дар маркази таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат мебошад. Бо ин мақсад Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ таъкид карда буд, ки «Ба душвориҳои азими иқтисодӣ нигоҳ накарда, масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон, махсусан иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумат мебошад». Бо мақсади тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  кумакҳои моддию пулӣ расонида шудаанд.