НАҚШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ИЛМУ ДОНИШ ДАР ТАҲКИМИ ТАРБИЯИ ПЕДАГОГИЮ ИДЕОЛОГӢ ВА
Бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи кишвар, ки санаи 30 майи соли 2024 баён доштанд.
Дар замони муосир аҳаммияти донишҳои илмию таҷрибавӣ хусусан маърифати баланди инсонию педагогӣ ҷойгоҳи хосае дорад, ки ин масъалаи асосии ташаккул додани мафкураи солими насли наврасу ҷавон дар тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад.
Пешрафти босуръати илму технология дар ҷаҳон имрӯзҳо аз ҷомеаи мо, ки аксарияти онро ҷавонон ташкил медиҳанд, тақозо менамояд, ки ба онҳо афзалияти дониш ва тарбияи ахлоқию педагогиро бо назардошти худогоҳию худшиносии миллӣ фаҳмонида, дар робита ба ин бо усулҳои самарабахши илмҳои гуманитарию педагогӣ тарбия намоем. Вобаста ба муҳимияти ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати иҷтимоии давлатӣ қарор додааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар, санаи 30 майи соли 2024 баён доштанд: “Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд”. Мусалам аст, ки маориф асоси рушди ҷомеа ва пешрафти давлату миллат маҳсуб ёфта, аз ҷониби ҳукумати кишвар нисбат ба дасттирии ин соҳа чораҳои муассир роҳандозӣ гардидааст.
Дар радифи ин бо мақсади рушди соҳаи мазкур хусусан таълиму тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи баланди инсондӯстию ватандӯстӣ як зумра татбирҳои судман роҳандозӣ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, андешаҳои худро баён доштанд.
Албатта, бо омӯзиши ҳамаҷониба ва амалӣ намудани иқдому ташабусҳои рӯи кор омадаи ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар кардани таълиму тарбияи ҷавонон дар шароити ҷомеаи иҷтимоии кишвар, инчунин инкишофи илму техника таваҷҷуҳ кардан ба нери зеҳнию инсонӣ ва таҳким бахшидани андешаи миллӣ дарвуҷуди ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Нақш ва аҳаммияту ҷойгоҳи илму дониш дар ҳаёту зиндагии ҳар як инсон бағоят бузург буда, рӯзгори инсонро имрӯзҳо бе дастовардҳои илмию иноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Ҷаҳони муосир мунтазам дар ҳоли рушду пешравӣ, қарор дорад. Ҷаҳонишавӣ ва раванди он тамоми фаъолияти ҷомеаро тезонида, ба дастовардҳои илмӣ ҷалб менамояд, зеро ин асрро “Асри илму технология” меноманд. Вазифаи илм дар замони муосир пеш аз ҳама аз он иборат мебошад, ки тавонад ба зиндагии воқеъии инсонҳо дар табиати иҳотакардааш нафърасон бошад. Албатта рушди бемайлони дастовардҳои илмиро дар низоми ҳаёту зиндагӣ мушоҳида менамоем. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки комёбиҳои илмии асри XXI ба истеҳсолот пайваста буда, бештари ин навовариҳо ба нафъи ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ нигаронида шудааст.
Дар низоми пешрафт ва дастовардҳои илмӣ пеш аз ҳама қувва ва ё ин ки нерўи зеҳнии наврасону ҷавонон ва толибилмону донишҷӯён ҳамчун нерўи инсонӣ ниҳоят зарур аст. Албатта исботи ин масъала мушоҳида шуда, ҳар лаҳза нерўи зеҳнии ҷавонон аз ҳар гӯшаву канори дунё бо ихтироотҳои бемислу монанди худ дар ин ё он самти хоҷагии деҳот ва ҳаёту зиндагии инсони асри навин дарак медиҳад. Баъзе аз навовариҳои технологию илмии толибилмону муҳақиқони ҷавон боиси таҳсин буда, мушкилии чандинсолаи ҷомеаро ҳал мекунад. Бешубҳа маълум аст, ки дар ниҳоди насли ҷавон, андеша ва мафкураи тоза вуҷуд дошта, он қодир аст, ки ҷавоби мушкилиҳои зиёди зиндагиро бидиҳад.
Дар масъалаи афзалияти илму маърифат дар пешрафти ҷомеаи инсонӣ, ба андешаи файласуфи бузурги Юнони бостонӣ Арасту зинаҳои ташаккули дониш, яъне дарки эҳсос, таҷриба, санъат ва илм, ки зинаи сеюми ташаккули дониш мебошад, ба ҳисоб меравад [1]. Дар воқеъ Арасту дар замони худ ташаккули маърифати инсониро ба зинаҳои муайян ҷудо карда, онро дар рафти омӯзиши пайвастаи донишҳо дар раванди ҷомеаи иҷтимою фарҳангӣ асоснок кардааст. Санъат дар ин ҷо ба андешаи мутафаккир, ин санъати тасвири ё зебоинигорӣ набуда, балки ин як зинаи таккомули маърифат мебошад, ки аз таҷриба бар меояд.
Ҷойгоҳи илм дар ин тақсимбандӣ мақоми олиро ишғол карда, ба ақидаи донишманд шакли олии он фалсафа мебошад. Албатта айни замон низ донишҳои иҷтимоӣ-фалсафӣ барои ташаккули маърифати шахсӣ ва ҷамъиятӣ дорои аҳамияти махсус дошта, ташаккули ин низоми педагогӣ дар таҳрики маърифати ҷомеаи иҷтимоию фарҳангӣ дорои аҳамити махсуси худ мебошад. Дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши мунтазами худ Арасту ақидаи дигареро баён доштааст, ки “Кӯшиши инсон баҳри дониш ва маърифат ин хислати модарзодии ӯ мебошад”. Яъне дар ин асно гуфтан мумкин аст, ки ҳар як инсон дорои ақлу шуур буда, дар ниҳоди он унсурҳои ташаккули маърифати инсонӣ, яъне ба монандаи эҳсосу идрок, таҷриба ва санъати дониш мавҷуд мебошад. Аз ин рӯ, инсон метавонад, ки бо инкишоф ёфтани майлу завқ ва тасаввуру идрок, дар рафти марҳилаҳои дигаргуншавии ҷамъият ба моҳияти мавҷудоти олами иҳотакардааш, ки дар пешорӯи ӯ истодаанд сарфаҳм рафта, ба баъзе масъалаҳои пешоруи худ ҷавоб гуфта тавонад. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки шахс пайваста заҳмат кашида, дар самти маърифат ва дониш аз шинохти худ то ба дарки маънию андеша ва дониш шабонарӯзӣ ба омӯзиш ҳамаҷонибаи маърифати баланди инсондӯстӣ ва илмҳои замони худ мепардозад.
Дар сархати сеюми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад” [2]. Албатта Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ барои инкишофи ҷомеаи маданӣ шароитҳои созгорро таъмин кардааст. Дар радифи ин, ташаккули ҷомеаи иҷтимоӣ-маданӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвари соҳибистиқлоли мо, аҳамияти авалидараҷа дошта, дар ин самт як зумра барномаҳои мушаххас қабул карда шудаанд, ки яке аз онҳо ин “Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои оянда, беҳтар кардани шароити иҷтимоии аҳолӣ, рушди низмои иқтисоди миллӣ ва ҳамбастагию алоқамандии илму маориф ба истеҳсолот яке аз принсипҳои рушди дарозмуҳлати низоми маорифи кишвар мувофиқи стратегияи мазкур мебошад [3].
Ҷиҳати расидан ба ин мақсадҳо таҳким бахшидани низоми таълиму тарбия ва илму маориф дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ, махсус ва олии касбӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи кишвар, ки тибқи таҳлилҳои демогафӣ аксарияти шумораи аҳолиро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд зарур мебошад. Дар радифи ин дастгирии иҷтимоии мутахассисон ва ҳавасмандгардонии онҳо дар самти илму маориф ба такмили низоми маориф мусоидат менамояд.
Муфофиқи консепсияи рушди мадании ҷомеаи инсонӣ муқоиса намоем дар ин асно боз ҳам ба ташаккули низоми маърифат ва донишҳои фардию ҷамъиятӣ асоснок мегардад. Албата субъекти маърифати иҷтимоӣ иштирокчии раванди маърифат мебошад, ки дар ҷараёни маърифати олам ба донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ мавқеи шахсии худро интиқолу ташаккул медиҳад. Шахс дар ин раванд боргоҳи маданияти иҷтимоиро бо хусусиятҳои биниши шахсиаш пурра мегардонад ва дар ин самт донишҳои фардии худро афзун менамояд. Намояндаи ҳар кадом халқият, олим, мутафаккир, адиб, эҷодкор, ходими ҷамъиятӣ ва дигарон ба сифати субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ шинохта шуданашон имкон дорад. Нафаре, ки равандҳои ҷамъиятиро таҳлил мекунад, рӯҳияи замонаро ва мақсаду мароми насли мавҷударо баён мекунад, дар инкишофи мазмунии донишҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ ҳиссагузор аст, ҳамон нафар субъекти он маҳсуб меёбад. Мувофиқи ин назария мебинем, ки барои инкишоф додани низоми ҷомеаи маданӣ боз ҳам нақши илму дониш ва маърифати фардию ҷамъиятӣ хело зарур мебошад.
Аз мушоҳидаҳои мунтазами ҳодисаҳо ва амалҳои инсонӣ субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ кӯшиш мекунад, ки қонуниятро дарёбад. Самти инкишофи воқеияти иҷтимоиро маънидод намуда, дар бораи нодирии шароити таърихӣ муҳокима ронда, модели инкишофи иҷтимоиро метавонад пешниҳод созад. Азбаски субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ ба олами зиндагӣ ворид аст, бинобар он, вай абстраксияи гносеологӣ набуда, балки мавҷудоти тому дар як вақт маърифаткунанда ва ботаасурот мебошад. Хусусияти фарқкунандаи субъекти донишҳои иҷтимоӣ- гуманитарӣ инчунин дар он мебошад, ки вай нисбат ба масъалаҳои ҳастии фардию умумиинсонӣ мулоҳизаи мукаммал дорад. Кӯшиши донистани моҳияти замона, мавқеи инсон дар олам ва маъною таъиноти вай, тағйироти таъриху фарҳанг ва дигар масъалаҳо мутаносибан ҳалли худро металабанд. Субъекти иҷтимоӣ-гуманитарӣ хусусияти истифода кардани қобилияти баланди шуур мантиқи мазмун ва далелноккунӣ ва инчунин нерӯҳои бешууронаю ҷаҳонфаҳмии фаросатиро дорад. Маҳз дар соҳаи дониши иҷтимоӣ гуногунии шаклҳои дониш зоҳир шуда, бо ҳам алоқаманд мебошанд [4].
Агар барои субъекти маърифати иҷтимоӣ-гуманитарӣ мақсаду арзишҳои ҳақиқатан гуманистӣ аҳамияти калон дошта бошад. Пас тафаккури ӯ низ самти мусбӣ ва созанда дорад. Образи олам, ки илмҳои гуманитарӣ меофаранд, бояд бо охирату қиёмат алоқаманд набошад, балки бо некбинӣ, бо фаҳмиши зарурати таъмини тараққиёти аҳли инсоният саршор бошад. Ба дӯши олим-намояндаи донишҳои иҷтимоӣ- гуманитарӣ вазифаи бузург вогузор шудааст. Ӯ дар амалгардонии назорати гуманитарӣ дар соҳаҳои энергетикаи атомӣ, муҳандисияи генӣ, таъсири психологӣ ва ғайра ба сифати коршинос баромад мекунад. Илми иҷтимоӣ-гуманитарӣ вазифаи таъмини ахлоқияти илми муосирро пурра ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Олимони соҳаи гуманитарӣ ба саодату накӯаҳволии инсоният бепарво нестанд.Онҳо тарафдорони устуворгадии арзишҳои асили фарҳангӣ мебошанд, аҳамияти эҳсосот, таасурот, эътиқод ва идеалҳоро дар ҳаёти инсон хуб мефаҳманд.
Вале ба ақидаи донишмандони илми фалсафаи тоҷик Р. Комилов ва М. Назаров се модели асосии баёнкунандаи ҷараёни маърифати илмӣ мавҷуданд,ки ин яъне эмпиризм (таҷрибагароӣ), теоретизм (назариягароӣ) ва проблематизм (масъалагароӣ) [5]. Дар низоми пешрафт, инчунин таҳавулоти мунтазами ҷомеаи инсонӣ ва маданӣ мебинем, ки дар воқеъ таҷриба, назария ва масъалагароӣ аз шаклҳои муҳимтарини инкишофи маърифати илмӣ маҳсуб меёбанд, дар ин масъала албатта дар консепсияи ташаккули фарҳангӣ мисолҳои бо ин монанд оварда шудаанд.
Дар ин раванд андешаҳои сиёсатшиноси ватанӣ Х. Сафарализода вобаста ба марҳилаҳои сохтори ҷамъиятӣ хело ҷолиб мебошад. Номбурда, бо назардошти мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои рушди таърихии идеологияҳои сиёсӣ марҳилаҳои ташаккули сохтори ҷамъиятиро ба чор зина ҷудо кардааст. Ки инҳо институтсионализатсияи арзишҳои идеологӣ, идеализатсияи арзишҳои идеологӣ дар сатҳи афкори ҷамъиятӣ (мафкурасозӣ), сеюм дар амал татбиқ гардидану дар миқёси васеъ мавриди истифода қарор гирифтани арзишҳо ва меъёрҳои идеологӣ ва чорум ба буҳрони навбати дучор гардидани арзишҳои идеологӣ мебошад [6].
Тафсири ин омилҳо бо назардошти ташакккул додани идеологияи миллӣ дар замири наврасону ҷавонон дар низоми арзишҳои иҷтимоӣ, ҷомеаи маданӣ ва сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои ҷаҳонишавӣ дорои аҳамияти вежаи худ буда, ба андешаи мо он аз таълиму тарбияи дуруст, тарбияи меҳнатию ватандӯстӣ ва омӯзиши илму дониш ибтидо мегирад.
Тавре гуфта шуд, агар хусусиятҳои илму донишро бо назардошти принсипҳои илмҳои таъриху ҷомеашиносӣ ташреҳ намоем, мебинем, ки аҳамияти илм дар ин замон хеле бузург буда, он аз замони пешин ба куллӣ тафоввут дорад. Барои мисол агар дастовардҳои асрҳои XIX ё XX ба комёбиҳои илмии замони навин муқоиса намоем, дар ҳақиқат онҳо хеле фарқкунанда буда, мушкилоти ҳаётии инсонро ба таври кофӣ ҳал карда наметавонистанд. Дар раванди аз худкунии шохаҳои илм яъне донишҳо ба дарки илм ва мақсаду ҳадафи пос доштани арзишҳои миллӣ наздиктар метавон шуд. Метавон гуфт, ки дар шароити имрӯзи ҷомеа албатта бунёди зиндагии солиму босаодатро бо омухтани илми муосир дар ҷомеа худи мо сохта метавонем.
Дар ин асно, агар ба андешаи педагоги рус С. Смирнов назар намоем мебинем, ки барои ташаккули тарбияи фардӣ дар низоми ҷомеаи мутамаддин принсипҳои анъанавии педагогиро ба инобат гирифта, иброз доштааст, ки агар то андозае ба ҳаёти маданӣ омода кардани шахс бо усули тарбияи педагогӣ бошад ва аз ҷониби дигар тарбяи инсонро вазифаи ҷамъяитӣ низ номида, дар ин радиф нақши ҷомеаро низ афзал донистааст. Вазифаҳои маорифро дар ҳар шакл ва дар ҳар низоми ҷомеа барои таълиму тарбяи фардӣ афзалият додааст [7].
Агар ба таҳлил ва омӯзиши дигар назар намоем онҷо барои ташаккули мафкураи солимро дар зеҳни наврасону ҷавонон ба вуҷуд овардан, нақши зиёиён нишон дода шудааст. Мо бояд дарк намоем, ки дар чи гуна шароит ва дар чи гуна ҷомеа умр ба сар бурда истодаем ва дар оянда чи гуна давлат сохтан мехоҳем. Аз ин рӯ, барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати кишвар, пеш аз ҳама зеҳну тафаккури насли ҷавон бояд тағйир дода шавад. Дар ин раванд саҳми аз ҳама муҳимро зиёиён, равшанфикрон ва омӯзгорон мегузоранд. Дар навбати авввал дар тарғибу ташвиқи арзишҳои навин тафаккури замонави бояд худи онҳо намуна бошанд ва ба дигарон ин гуна рафтор ва муносбатро омӯзанд. Агар рушди техникӣ, технологӣ ва саноаткунонии мамлакат аз намояндагони илмҳои дақиқ вобаста бошад, рушди фикри ва ташаккули мафкурави аз намояндагони илмҳои ҷомеашиносӣ вобастагӣ дорад [8]. Дар ин замина муалиф барои таҳким бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешрафти илму маориф саҳми олимону донишмандон ва ҳамаи хизматчиёни давлатиро низ зарур мешуморад.
Дар шароити ҳасоси мавҷудаи ҷаҳони муосир саҳми роҳабрияти мақомти давлатӣ ва зиёиёнро барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар зарур мешуморад. Вақте, ки раванди инкишофи низоми ҷомеаро таҳлил намоем барои рушди ҳамаҷонибаи он албатта саҳми арзишманди хизматчиёни давлатию ҳарбӣ, аҳли зиё, олимону донишмандон ва ҳар як шарҳванди солимфикр бештар аз пештар зарур мебошад.
Дар шароити кунуни сарфаҳм рафтан ба моҳяити илму дониш аз ҷониби муҳасиллин ва мақсаднок амал кардани онҳо дар зинаҳои таҳсилот аз ҷониби масъулини соҳа тадбирандешиҳои саривақтиро тақозо менамояд. Тафсири илм ба маънои дигараш ҷамъ ё системаи донишҳои исботшуда мебошад. Яъне илм дар системаи худ донишҳои зиёдеро муттаҳид сохтааст, ки ҳар яки онҳо дар навбати худ дорои низом ва аҳамияти худ мебошанд. Лекин онҳо бо ҳамдигар дар ҳамбастагӣ мебошанд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда имрӯзҳо бештар аз 15 ҳазор илм дар низоми ҷамъиятӣ мавҷуд буда, дар ҳаёти рӯзмарраи инсон васеъ истифода мешаванд ва ин шумора мунтазам дар ҳоли рушд мебошад. Рисолати олим низ дар ҷомеа бағоят бузургу арзишманд аст. Дар назди олим ҳамеша вазифаҳои пурмасъул қарор доранд. Олимон ҳамеша роҳнамо ва ҳидояткунандаи роҳи рост ва зиндагии орому осуда мебошанд.
Бо назардошти ворид шудан мамлакат ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноаткунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаи илму маориф ва иноватсия давра ба давра афзоиш хоҳад ёфт. Аз ин ҷиҳат гуфтан мумкин аст, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ шарти зарурӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Гарчанде тамоюли мунтазам зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба рушди соҳаи илм мушоҳида гардад ҳам, аммо сифати иҷро ва натиҷаҳои корҳои илми-таҳқиқотӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгу набудааст [9]. Ин масъала дар таҳқиқоти Л.Ш. Ғаюров “Боҳамалоқамандии илм ва маориф дар шароити истиқлолияти давлати Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ фалсафӣ)” арзёбӣ гардидааст. Аз ҷумла қайд гардидааст, ки набудани ҳамоҳангии мавзӯҳои таҳқиқиотӣ ба талаботи корхонаҳои саноатӣ ва вобаста ба ин харидор пайдо накардани натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ аз мушкилотест, ки солҳои зиёд боз арзи ҳастӣ мекунад [10].
Барои пайвастани таҳқиқотҳои илмӣ ба амалия ва ҷалби ҷавонон ба корҳои эҷодӣ метавон аз принсипи илмиятнокӣ дар таълим истифода кард. Вобаста ба пешрафти илму техника яке аз шартҳои ҳатмии азхуд кардани технологияи пешрафта аз ҷониби ҷавонон ин меҳнатӣ эҷодӣ, самаранок ва ихтирокорӣ дар истеҳсолот, ин принсипи пешбаранда мебошад [11]. Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, комёб гардидан ба сатҳи ҷаҳони иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ба сатҳи рушди усувори соҳаи маориф вобастаги дорад. Дар ин радиф гузариши маориф ба технологияи нави тарақиёти таълим ҳадафи асосӣ пазируфта мешавад. Ҳамзамон гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим, дар замони тараққиёти илм омӯзгоронро водор месозад, ки бо истифода аз шаклу усулӣ замонавии таълим хонандагоро барои ҳалли ҳар гуна мушкилоти зиндагӣ омода намоянд, зеро ҷомеаи имрӯза аз мактабу маориф шогирдони дорои қобилияти ҳалли проблемаҳои мураккаби ҳаётиро тақозо мекунад [12]. Мактаб дар назди ҷомеа ва давлат, барои мавҷудияти сифати таълим ва мувофиқати он ба ақидаҳои муосири илмӣ масъул аст.
Тавассути илму дониш мо дар ҷомеа тамоми талаботҳои моддию маънавии худро қонеъ менамоем, барои ҳар як фард дар расидани ӯ ба ҷаҳони беканори маънавиёту маърифат маориф роҳ мекушояд. Илму адабро мо бо роҳи ҷустуҷӯ ва омӯзиш тавассути раванди таҳсилот аз бар мекунем. Аввалин тафсири илмии маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ба муҳаққиқи фаронсавӣ Эмил Дюркгейм таалуқ дорад. Равиши сотсиологии ӯ ба омӯзиши маориф беназир аст. Ӯ таъкид мекунад, ки таҳсилот бо дигар институтҳо, арзишҳо ва эътиқодҳои дар ҷомеа мавҷудбуда алоқаманд аст, бар замми ин системаи маорифро аз ҷомеа ҷудо кардан ғайриимкон аст [13].
Ҳоло зарур аст, ки дар амал татбиқ намудан ва даст ёфтан ба дастовардҳои бесобиқаи илмӣ ва иноватсионии замони навро насли созандаи ватани азизамон омўхтаю дарк намоянд. Албатта давлату ҳукумати мамлакати мо барои ин қишри ояндасоз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон вобаста ба ин масъала чунин таъкид намудаанд: “Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд”. Илова бар ин, роҳабри давлат дар радифи он иброз доштанд, ки: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд” [14]. Ин гуфтаҳоҳо барҳақ дар назди ҳар як зиёӣ, махсусан олимону донишмандон барои эҷоди рисолаҳои асосноки илмӣ ва навовариҳои техникӣ, ки ба истеҳсолот марбут мебошад вазифаҳои мушаххасро мегузорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму маориф ворид намудани технологияҳои муосир, тарбияи кадрҳои замони нав ва азнавсозии идораи илму маориф фазои мусоид ба вуҷуд овард, ислоҳоти мақсадноки соҳаи маориф оғоз гардид. “Маориф дар замони соҳибистиқлоли бо дастгирии давлат ва ҳукумат ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфт” [15].
Аз ҷавонони саодатманди мо тақозо мегардад, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хештаншиносӣ ба роҳи заҳматталаби илм ворид гардида, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саъй намоянд. Зеро ки онҳо кишвари соҳибистиқлоламонро, танҳо бо роҳи илму технология ва саноат метавонанд пешрафтаву мутарраққӣ намоянд.
Дар раванди бархурди тамаддуни илмӣ ва дастовардҳои иноватсионӣ ба моделҳои кишварҳои пешрафтаи олам назар намоем, дар тараққиёти иқтисоди миллӣ ва тафаккури ҷомеаи онҳо мақоми илму маърифат ҷойгоҳи аввалро ишғол кардааст. Дар ин замина андешаи сиёсатшиноси тоҷик С. С. Ятимов чунин мебошад: “Миллатҳое, ки илму дониш фарогири аксарияти онҳо шуд, дар арсаи ҷаҳон тасаллут пайдо карданд. Аҳволи мардуми хешро беҳбуд бахшиданд. Зиндагии шоиста доранд. На танҳо истифодаи захираҳои табии оламро ба манфиати худ ба роҳ мондаанд, балки ақли мардумони бегонаро ҳам мутеи худ гардонданд. Ва баръакс, дар ҷое, ки хурофот ва таасуб аксариятро фарогир шуд, зиёӣ дар ақаллият монд. Сарзамин ба мардумони содавву гумроҳу нодонбачаҳои худ абзори арзони бозиҳои аҷнабиён гардид”[16]. Тавре аз ин гуфтаҳо бармеояд, воқеан имрӯз ҷомеа пешрафтаро танҳо бо роҳи дониш, технологияи муосир ва маърифати баланди инсонию ҷамъиятӣ метавон ба даст овард, на ба роҳи хурофоту ҷаҳолат.
Вобаста ба ин агар мо ба суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 марти соли 2024 ироа шудааст, таваҷҷӯҳ намоем онҷо баён шудааст, ки: “Барои мисол, суръати рушди кишварҳои мусалмонишинро дар мисоли Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Қувайт, Баҳрайн, Малайзия ва дигарҳо мегирем, ки ба чи суръат рушд карда истодаанд. Онҳо хуб дарк кардаанд, ки омили наҷотбахши инсоният танҳо илм ва рӯ ба илмомӯзӣ оварадни насли ҷавони кишвар аст” [17]. Яъне аз ин гуфтаҳо метавон хулоса кард, ки имрӯз кишварҳои ҷаҳони ислом низ дарк кардаанд, ки пешрафту тараққи танҳо бо роҳи илму дониш ба даст меояд. Дар ҳамон вохӯри роҳбари давлатамон бори дигар ба мардуми шарифи кишвар рӯ оварда баён карданд, ки: “Ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобастагӣ дошта, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳӣ ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад.” Дар он ҷо, инчунин барои хатару оқибатҳои ақидаҳои номатлуб ба ҷамъият, хусусан хурофотпарастии баъзе шаҳрвандон тавҷҷуҳ шуда, чунин гуфта шудааст: “Хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад”, ки барҳақ чунин аст.
Танҳо илм ва ақли кул метавонад ҷомеаро аз бадбахти ва хурофоту ҷаҳолат эмин нигоҳ дорад. Дар ин робита ба ба назари Френсис Бекон дар хусуси илм ва дониш таваҷҷуҳ намоем хеле ҷолиб мебошад. Илм бояд ба ҳаёт ва ба амалия хизмат кунад ва ҳадафи он бояд бештар ба ҳукмронии инсон ба табиат нигаронида шуда бошад”. Аз замони гуфта шудани ин фикр ё назария чандин сол гузашта бошад ҳам, он аҳамияти худро гум накарда, бештар хусусияти хоссеро соҳиб гаштааст.
Яъне, дар ҳақиқат илм бояд нафърасон ба ҷомеа буда, ҳамеша аз таъсироташ инсонро бархурдор намояд. Инсон бояд тавассути илму дониш малакаи касбии худро зиёд намуда, ҳамчун ҷузъи табиат муносибати эҳтиёткоронаи худро ба табиат зоҳир намояд. Дар раванди амали намудани муносибатҳои илмӣ ба табиат ҳамчун ҷузъи пайвастаи он ва ба ҷомеа ҳамчун инсон нафърасон бошад. Бовари дорем, ки ҷавонони мо ба қадри тамоми ғамхориҳои давлату ҳукумат, дар самти илму маориф расида, ба омўзиши амиқи илмҳои ҳозиразамон махсусан илмҳои риёзию дақиқ, ки кишвари мо ба ин гуна мутахассисон эҳтиёҷ дорад, иқдоми қавӣ гузошта, дар ободиии кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Вале дар ин радиф моро лозим аст, дар баробари ин тарбяи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ вазифаи муҳимтарини мақомоти давлатӣ, олимону омӯзгорон, падару модарон ва умумн аҳли донишмандону коршиносон мебошад [18].
Мавриди зикр аст, ки дар меҳвари паёми навбатии роҳбари давлатмаон яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифт. Вобаста ба ин масъала сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии “Муҳити таълим асоси таҳсилоти босифат”, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намояд. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.
Дар паём гуфта шудааст, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад [19]. Албатта ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад. Бо ин роҳбари давлат дар назди ҳукумати мамлакат ва дигар мақомоти давлати вазифаҳои заруриро вогузор карданд.
Тайи солҳои охир мебинем, ки ҳукумати малакат як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатиро бо мақсади рушди илмҳои муосир дар соҳаи илму маорифи кишварамон мунтазам роҳандозӣ менамояд. Бо амалӣ намудани чорабиниҳо ва озмунҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ ба монандаи озмунҳои фаннӣ дар миёни толибилмону донишҷӯён, озмуни ҷумҳуриявии “Илм фӯруғӣ маърифат” [20] ва дигар озмунҳои мақсаднок ба рушди соҳаи илмҳои риёзию дақиқ ва ихтирооту навоварӣ дар ҷумҳурӣ таъсири муфид мерасонад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар, ки рӯзи 30 майи соли 2024 доир шуд, бо дарназардошти авзои геосиёсии ҷаҳони муосир ва шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд. Дар мулоқот махсусан баён доштанд, ки “Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст” [21]. Омӯзиши илму дониш метавонад наврасону ҷавононро аз таасубу ихтилоф, аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ ва омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ эмин нигоҳ дошта, дар ташаккули ватандӯстӣ ва худшиносии милии онҳо таъсири созгор мегузорад.
Хулоса, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо тоҷикон имконият фароҳам овард, ки омӯзиш ва муарифии ҳамаҷонибаи фарҳангу тамаддуни худро дар арсаи олам ба таври шоиста анҷом диҳем. Арзишҳои баланди инсонию фарҳангӣ, илмию тамаддунии худро омӯзем ва онҳоро арзишманд муаррифӣ намоем. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ мо арзиши олитарини миллиямон, яъне истиқлолу озодӣ, муқаддасоти давлатиро пояндаву ҷовидон ҳифзу нигаҳдори карда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешрафатаю тараққикарда муаррифӣ намоем, ки ин албатта бо роҳи роҳандозӣ кардани тарбияи дурустӣ наврасону ҷавонон, омӯзиши илму дониш ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносӣ, инчунин маърифати баланди маданию андешаи солими миллӣ дар вуҷудди шаҳрвандонамон ба даст меояд.
Аз омӯзишу таҳлил ва муқоисаи маводи болозикр ба чунин хулоса метавон омад, ки дар тарбия ва ташаккули насли наврасу ҷавон нақши институти оила, ҷомеа ва ниҳоди давлатӣ бузургу арзишманд мебошад, ки дар ҳар маврид барои ба вуҷуд овардани дастовардҳои илмию техникӣ, ташкили ҷомеаи солими маданӣ дорои мафкурраи милллию давлатмеҳварӣ ва ҳамқадами ҷомеаи муосир будан, аз ҳар яки мову шумо бо ҳисси баланди ватандорӣ анҷом додани рисолати касбӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ин марҳала бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ корҳои зиёду назаррас анҷом дода шудаанд. Ба монанди таъсиси муассисаҳои таълимӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар чунин муассисаҳо шаҳодати он мебошанд, ки дар ин раванд ислоҳоти дурусти соҳаи маориф ин нишони рушди минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи маданию соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти омӯзиш ва таҳлилу муқоисаи асарҳои як зумра донишмандони ватанию хориҷӣ, инчунин барнома ва консепсияҳои рушди ҷамъиятӣ ин мавод таҳия карда шудааст. Дар мақолаи оянда принсипҳо ва меъёрҳои низоми маорифи кишвар, ҳолат ва дурнамои рушди онро дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси методҳои муосири илмӣ пешниҳод менамоем.
Адабиёт:
- Таърихи фалсафа. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ҳайати муаллифон.-Душанбе.,“Собириён”. 2011. 231-233с.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. “Нашриёти Ганҷ” 2016.-4с.
- Стратегии милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солиДушанбе, 2016.-48с.
- Философия науки.под ред. С. Лебедова: Учебное пособие для вузов.-М.:Академический Проект.2005. 40-46с.
- Комилов Р.С., Назаров М.А. Фалсафаи илм. Душанбе -“Ирфон”. 2008.-18с
- Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. Паёми Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. №1(81) 2023, Душанбе-2023. 54-59с.
- Смирнов С. Д. Педагогика и психология высшево образавание. Учебное пособие. -12с.
- Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният. Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. №1(5) 2023. Душанбе-2023.57-61с.
- Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. Паёми Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. №1(81) 2023, Душанбе-2023. 210-221с.
- Ғаюров Л.Ш. Автореферат. Боҳамалоқамандии илм ва маориф дар шароити истиқлолияти давлати Тоҷикистон (таҳлили иҷтимоӣ фалсафӣ). Душанбе-2023.-18с.
- Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ. Нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. №1(15) 2023. Душанбе.2023-30с.
- Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. №4(29) 2018.-79-80с.
- Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. №2022. Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума. Душанбе-2022. 119-120с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 12.2021.13:10, шаҳри Душанбе:http://www.prezident.tj.
- Мактаби давлатдории Эмомалӣ раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди-Душанбе “Фасл-4”. 2021.318-319с.
- Ятимов С. С. Дунявият ва амният. Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният. 2022. №2 (2)-18-37с.
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар. ш. Душанбе, Кохи Ваҳдат, 9 марти соли 48-51с.
- Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди-Душанбе, “Фасл-4”. 2021.420-421с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. Душанбе: «Шарқи озод», 2023.-41с.
- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 январи соли 2024, №АП-481. 01.2024. 10:04, шаҳри Душанбе: http://khovar.tj.
- Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар. ш. Душанбе. 30 майи соли http://president.tj.
Баҳром Шарафзода,
Муовини раиси шаҳри Роғун
Добавить комментарий