АЗ ШИНОХТИ ХУД ТО ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

    Зиндагӣ намудан дар раванди босуръати ҷаҳони­шавӣ ва ҳаводисҳои ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро ки рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудо­нашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта намета­вонад аз ин гуна бархурдҳои ҷаҳонишавӣ ва тазодҳои печидаию маълуми ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад. Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, санаҳои муҳими таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳиси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таасубу ихтилоф, маҳалгароию ҷудоихоҳӣ ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу амнияти миллӣ, ҳифзи якпорчагии кишвари азизамон аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамият пайдо намудааст.

     Тавре борҳо Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст: мо барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳиси баланди ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон масъулем.  Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба рушди имкониятҳои инсонӣ таваҷҷуҳ намуда наслеро тарбия намоем, ки дар ниҳоди он, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллию давлатӣ дида шавад ва бо баъзе паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ истодагарӣ намоянд. Барои тарбия намудани ин гуна фард чи бояд кард?. Ва онро “Аз фард ба дараҷаи худогоҳ ва аз худогоҳ ба зинаи олитарини худшиносӣ, яъне худшиносии миллӣ” расонидан кадом амалҳоро анҷом метавон дод?. Ин саволест, ки ҳамеша дар маркази таваҷуҳи муҳақиқони соҳа қарор дорад.

          Албатта оламе, ки мо зиндагӣ мекунем, бе шинохтан ва надонистани мақом ва ҷойгоҳи худ дар он ҳаёт ба сар бурдан душвор аст. Ин аз он хотир аст, ки ҷомеа ҳамеша дар тағйирёбӣ ва инкишоф қарор дорад, метавонад инсонҳоро ба равандҳо ва чолишҳои худ ҷалб намояд. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки масъалаи “Худшиносӣ” фаҳмиш ва дарки он дар шароити имрӯза барои мо ҷавонон амри зарурист. Наслҳои минбаъда пай дар пай дар таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии дар гузашта андӯхтаи наслҳои калонсол пайравӣ мекунанд, меомӯзанд, такмил медиҳанд ва худ таҷрибаҳои нави зиндагӣ ба даст меоранд. Зарурати зиндагӣ аз наслҳои наврас тақозо мекунад, ки ҳамқадами замонашон бошанд, ба дараҷаи инкишофи марҳилаи даврашон бирасанд, ҳиси баланди ифтихори миллӣ дошта бошанд, таҷрибаҳои мавҷударо аз худ кунанд ва бахусус барои пешрафти ҷамъият саҳми фаъол гузоранд.

           Ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани мазмуни  ҳисси арҷгу­зорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ободии кишвар, дасто­вардҳои давлат дар сатҳи байналмиллалӣ, сулҳу суботи миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ зарурат дорад. Инчунин аз ҷасорату корнамоиҳои қаҳрамонҳои халқи тоҷик, Қаҳрамонҳои Тоҷикис­тон, бузургони миллат, ҳаки­мону шоирон, нависан­дагон, донишмандони тоҷик ва он нафароне, ки барои манфиатҳои миллати тоҷик ҷонбозиҳо кардаанд қисса намуда, дар ботини онҳо бедор намудани ҳисси хештаншиносию арҷгу­зорӣ ба муқаддасоти миллиро устувор наму­дан зарур аст.

    Барои тарбия намудани наврасону ҷавонон аз мероси бузурги адабию фарҳангиамон васеъ истифода барем ба майлу завқаш диққати ҷиддӣ диҳем ва чӣ будани вақтро ба онҳо фаҳмонем, то ки масъулиятро нисбат ба кор аз хурдӣ дарк намоянд ва ба онҳо тарбияи ҷамъиятиро омӯзем ба он хотир, ки нисбати ашёҳо ва воситаҳои ҷамъиятӣ беаҳмият набуда, ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихию табиии кишвара­монро эҳтиром намоянд, ҳисси баланди шаҳрвандӣ дошта бошанд ва аз “Тоҷик” будана­шон ифтихор намоянд.

       Барои ҳар як фард муҳим аст, ки шахсият шавад. Барои ба ин соҳиб шудан фард бояд донад ва дарк намояд, ки ӯ кист ва чӣ рисолате дорад? Чӣ кореро анҷом медиҳад? Чӣ мавқеъ дорад?. Ӯро водор менамояд, ки худшинос бошад, то ки ба шахсияти комил бирасад. Худшиносӣ ин барои инсон шинохти ҷисму тан, ҳадафу мақсад, мақому манзалат, баробарию инсон­дӯстӣ, эҳтирому футувват, амалӣ намунавӣ, рисолати худ мебо­шад. Инсонро тайёр менамояд, то ба ҳама паёмадҳои манфии дар зиндагии худ рӯ ба рӯ шаванда бо ақли солим ва хирад амал намояд.            Худшиносӣ ин тамоюлест, ки дар заминаи он “Ман” вобастагиашро ба дониш ҳис менамояд ва назди худ саволеро мегузорад, ки оё он ҳама маърифати дар таҷрибаи ман буда метавонад мустақил бошад? Барои расидан ба зинаҳои худшиносӣ ё худогоҳӣ донишҳо дар бораи табиати иҳотакунандаи инсон ва барои худи ӯ лозим мебошад. Дар ин асно нақши шуури инсонӣ хеле бориз аст, яъне вазифаи шуур дар ҳолати муқаррарӣ иборат аз муайян намудани муносибати инсон ба табиати иҳотакунандааш мебошад. Чуноне ки ман ҳис мекунам, ман мебинам, ман меандешам, ман тасаввур мекунам. Вале мебояд инсон донад, ки барои ба дараҷаи худши­носӣ расидан танҳо тасаввур намудан кифоя нест, ё ин ки худшиносӣ ин танҳо иборат аз дарки худ нест, балки муносибат ба худ, ба ҳолату сифат, имконият, неру, қобилият ва маънавиёти худ, монанди худба­ҳодиҳӣ мебошад.                    Худбаҳодиҳӣ яке аз унсурҳои муҳим ва зарурӣ барои шахс ба шумор меравад, инсон тавассути дар низоми муноси­батҳои ҷамъиятӣ ишти­рок намудан ва бо одамон муошират карданаш, худро баҳо медиҳад. Маф­ҳуми “Ман” онро  ифода мекунад, ки инсон айния­ти худро ба худаш дар гузаштаю ҳозира ва оянда мефаҳмад. Баҳодиҳии “Ман” натиҷаи муқоисаи доимии чизи дар худ дидаи шахс бо чизи дар дигарон дидаи ӯ мебошад. Инсон дар бораи худ маълумот ҷамъ намуда, онро бо маълумотҳои дар бораи дигарон доштааш муқоиса мекунад ин гувоҳи он аст, ки ӯ нисбати сифатҳои шахсӣ, рафтор ва зуҳуроти худ бепарво нест.

     Ақидаи Муҳаммадҷон Шакурӣ вобаста ба ин мавзӯъ ҷолиб аст: “Худшиносӣ роҳи асосии ба маънавият расидани инсон ва ҷомеа мебошад”. Бале худшиносӣ дар раванди инкишофи фардияти инсон ба ғайр аз омилҳои иҷтимоӣ, барқарор­намоии робита бо ҷамъи одамон, таҳкими маънавиёти инсон, ҳарчи бештар вориди ҷомеа будан ва иҷтимоӣ шудан боиси ташаккули зинаҳои худшиносӣ мегардад. Якчанд заминаҳое ҳастанд, ки барои расидан ба дараҷаи худшиносии миллӣ асос ҳисобида мешаванд: тарбия оилавӣ, бедор намудани шавқу ҳаваси наврсону ҷавонон ба донишомӯзӣ, инчунин тарбияи ақлӣ, тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи меҳнатию ахлоқӣ, тарбияи иҷтимоӣ, худогоҳӣ, худҳискунӣ, худназораткунӣ, худбаҳо­диҳӣ ва худши­носии миллӣ мебошанд.

      Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савияи дониш ва худшиносии маънавӣ ва миллии мо тоҷикон баланд гардид. Ҳукумати малакат як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатиро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи насли наврасу ҷавонон қабул намуда, мунтазам роҳандозӣ менамояд. Тавасути иштироки наврасону ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғӣ маърифат”, чорабиниҳои ҷашнию фарҳангӣ, солимгардонию варзишӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”ва дигар чорабиниҳои мақсаднок метавонад наврасону ҷавононро аз таасубу ихтилоф ва омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ эмин нигоҳ дошта, дар ташаккули ватандӯстии онҳо таъсири амиқ мегузорад.  

 Мудири Бахши кор бо ҷавонон

ва варзиши шаҳри Роғун                                  Баҳром ШАРАФЗОДА