Ватандӯстиро дар амал чи гуна метавон нишон дод !

      Як нуқтаи пурмуҳтаво ва бадоҳатан иродоштаи  Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби доираи васеи ҷомеаи Тоҷикистон пазироии хуб пайдо намуд, ки ба ин мазмун аст: «Агар кор намекунед ,халал нарасонед… » -дар воқеъ, саҳм гузоштан дар  пешравиию ободии кишвар аввалан дар анҷом додани амалҳои хайр, то ҳадди имкон саҳм гузоштан дар пешрафту тараққиёти мамлакат зоҳир мегардад ва пасон дастгирӣ ва ҷонибдории идеяву  афкор ва ташаббуси неки дигарон дониста мешавад.

      Бидуни овардани далел ба ҳамагон аён аст, ки баъзан дар пешбурди фаъолият мо ба монеаҳои ҷиддие рӯ ба рӯ мегардем, ки аз ҷониби ҳамкорон (ҳатто роҳбарияти корхона), ошноён ва дигар ашхоси манфиятдор эҷод карда мешавад. Барои ҳаллу бартараф кардани он ё қудрататон намерасад ва аз нияту хостаҳои инсондӯстонаи хеш даст мекашем ва ё анҷоми нақшаҳо ба маротиб пас меафтанд.       Дар ин маврид таъкиди роҳбари давлат басо мубрат ва сари вақтӣ дониста мешавад, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҳар яки мо дар сатҳи гуногун аст : яке камтар ва дигаре зиёдтар нозукиҳои ин ва ё он соҳаи фаъолиятро медонад . Аз он, ки барои муаррифии бардуруғи худ ва ё пинҳон мондани хатоҳоямон рохи ҳалро дар халал ворид намудан дар кори дигарон мебинем, беҳтар он аст, ки табодули таҷриба ва ҳамкориҳоро бо одамони лаёқатманду кордон зиёдтар намоем . Ин ягона роҳи ҳалест, ки мо ҳам дар рушди фаъолият (дар маҷмуъ давлат ) ва ҳам рущди шахсияти хеш бе восита иқдом мегузорем .

      Аз ҷониби дигар, вобаста ба баъзе масъалаҳои амниятӣ, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба вуқуъ мепайвандад, надониста ва дарк накарда чӣ дар миёни ҷомеа ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  тавзеҳ ва иғвоангезӣ кардан ба манфияти на худи мост ва на минтақаву давлат. Ба чунин мисол, моҷарое , ки моҳи ноябр вобаста ба қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков дар ВМБК рух дод ; қисми зиёди нафароне, ки назди ҳукумат ҷамъ омада буданд , бидуни мақсади мушаххас ҳузур доштанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад бо сарлаҳваи бисёр ҳам тафриқаангез ва бидуни далелро вохурдан мумкин буд, ки «митинг » , «эътироз» ва ғайраро дар бар мегирифтанд . Ин паҳлуи масъала, ба  назари мо боз ҳам мураккаб ва  дар айни замон ҳасосу нозук аст. Дар воқеъ , бо рушди интернет ва ташаккул ёфтани журналистикаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон ( мутаасифона ва ё хушбахтона дастрасии ҳамагон ҳастанд) лабрези хабарҳои фейкиву якҷониба  гардидаанд . Ҳар кас, ҳар чи ки хоҳад гузоштан мегирад. Назорат аз имкон берун аст . Вобаста ба ин метавон гуфт , ки бо корбурди маърифат ва дониш мо суханеро гуем, ки бар салоҳи мардум бошад .Навореро гузорем , ки баҳсро пароканда ва оммаро ба иттиҳод биоварад . Аз он, ки ба хотири лайк (писандидан) ва ба даст овардани пули бедарди миён ҳангомасозӣ мекунем, натиҷаи амали мо тавре сурат бигирад , ки аз як ҷониб обрӯи моро ҳифз ва аз тарафи дигар ба манфиати умум нигаронида шуда бошад .

Дар маҷмӯъ , эҳсоси ватандустӣ ва хештанпарастии мо он вақт зоҳир гардида , амалӣ  мешавад, ки аввалан пайи ислоҳи камбудиҳои хеш кӯшиш намуда, пасон бо назардошти манфиати умум сар аз суханронӣ то иҷрои ин ва ё он амал мақсади ободкорию сарҷамъсозии миллатро дошта бошем, на худхоҳию чашмпушӣ аз салоҳи дигар ҳамватанон . Ба тариқи сода агар ҳар кас масъулият ва уҳдадориҳои худро содиқона анҷом диҳад ва ҳар амали некеро хуш пазируфта, дастгирӣ кунад, масъулияти ватандӯстӣ ба ҷо овардааст .               

  Роҳбари маркази матбуоти           

Бахши фарҳанги ш.Роғун                                  Фазлиддин Маҳсуддинов