Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Санаи 3 –юми ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси  тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метолоргия, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати мамлакат Мирзоён Раҳмоншо,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳри Роғун,  мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарону кормандони тамоми муассисаву ташкилотҳо ва хонандагону донишҷӯён иштирок доштанд.

    Чорабинии мазкур   бо садо додани  суруди миллӣ оғоз гардида,  баъдан табрикоти Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло  аз ҷониби муовини раиси шаҳри Роғун Сафарализода Қудратулло ба самъи ҳозирин расонида шуд. Зимни ироаи сухани табрикотии Раиси шаҳр иброз гардид, ки қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Муҳимтарин хулосаи дигар ин аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дар идомаи сухан инчунин  оид ба  пойдорию устувории сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, тенҷию амонӣ, ободию гулгулшукуфтанҳои Ватан, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои     шабонарӯзикашидаи Пешвои муаззами миллатанд ибрози ақида намуда, даъват ба амал оварданд,   ки мо бояд баҳри ҳимояи ин муқаддасот ва арзишҳои доштаамон доимо дар саъю талош бошем.  Дар охир орзу намуданд, ки  Ватани  азизи  мо  хонаи  умеди  тамоми тоҷикони  дунё  таҳти  Сарварии  Пешвои  муаззами  миллат,   муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зеботар   гардад  ва  хуршеди  бахти давлати   соҳибистиқлоли  мо  то  абад  нурбахши  ҳар  як  хонадони       кишвар  бошад.

         Баъд аз расонидани  сухани табрикотии Раиси шаҳри Роғун, намояндаи Ҳукумати мамлакат ба сухан баромада иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳое мебошад, ки дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол намудааст. Зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат медиҳад.  Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

       Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

      Дар чорабинӣ  ҳамзамон, раиси суди шаҳри Роғун Искандарзода Раъно, прокурори шаҳри Роғун Қосимзода Хайриддин, намояндаи  шуъбаи давлатии амнияти миллӣ Наимзода Фирӯз  оид ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз- Конститутсия сухан ва маърӯзахонӣ намуда,  инчунин  аз  вазнинию душвории солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, аз нишастагон даъват ба амал оварданд, ки баҳри пойдорию устувории сулҳу субот, тенҷию амонӣ ваҳдату ягонагӣ ва дӯстию рафоқат ҳамеша кушишу талош намуда, он рӯзҳои мудҳиши хунрезию ғоратгарӣ ва гуруснагию қашшоқиро ҳар чӣ бештар ба ҷавонон гушрас намоянд ва нагузоранд, ки ҷавонон фирефтаи иғвою дасисаҳои душманони миллат гардида ба ҳаёти осудаю ороми миллати тоҷик хатар эҷод намоянд. Ҳамеша ҳушёрию зиракиро аз даст надода, арзишҳои доштаи хешро муқаддас   ва ҳифз бояд дошт.

             Дар охир   як қатор фаъолони мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқ, ки дар рушду нумӯъ ва ободию пешравии шаҳр ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сарфароз гардонида шуданд.

Пас аз баргузории маҷлиси тантанавӣ  Муовини раиси шаҳр, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳон  барои кушодани  иншоотҳои ҷашнӣ  ба Ҷамоати  шаҳраки Оби Гарм    раҳсипор шуда, ду иншооти ҷашнӣ аз ҷумлаи ҳавзи моҳигирӣ ва мағозаи рузғордориро кушода ба истифода доданд.

Сармутахассисис шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                               Раҷабалиева Шоира